Предминтруда РТ в РФ

@predmintrud_rt_rf · news · Russian · active

Subscribers 870 Subscribers, last 30 days: 867 → 870 +2 24h
Reach per post (ERR) 33.2%289 avg views
Posting 1.3/day last 17 hours ago
Reactions per 1K views 15.0 👍 👏 🙏

Роҷеъ ба тағйир ёфтани ҳудудҳои дорои тартиби махсуси боздид дар вилояти Москва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Россия қарор доранд, мерасонад, ки тибқи Қарори Ҳукумати вилояти Москва аз 7 октябри соли 2026, № 1311, ҳудудҳое, ки барои боздиди шаҳрвандони хориҷӣ тартиби махсус муқаррар гардидааст, аз нав муайян карда шудаанд. Тибқи тағйироти воридгардида, дар рӯйхати навшуда танҳо қисматҳои ҳудудии ноҳияи Одинтсово ва шаҳри Балашиха боқӣ мондаанд. Ҳудудҳои чор минтақаи дигари вилояти Москва, ки қаблан ба ин рӯйхат дохил буданд, аз он хориҷ карда шудаанд. Тартиби махсуси боздид аз ҳудудҳои муайянро барои шаҳрвандони хориҷӣ бо зарурати мувофиқаи пешакӣ пешбинӣ менамояд. Ҳамзамон, ҳудуди минтақаҳои мазкур бо истифода аз координатаҳои дақиқи ҷуғрофӣ муайян карда шудааст. Дар шаҳри Балашиха ҳудуди минтақаи дорои тартиби махсус аз рӯйи 28 нуқтаи ҷуғрофӣ муайян гардида, шоҳроҳҳои Энтузиастов, Балашиха, Шёлково ва Носовихино, инчунин баъзе кӯчаҳои шаҳрӣ ва қитъаҳои роҳи оҳанро дар бар мегирад. Аз ин рӯ, аз шаҳрвандон даъват карда мешавад, ки ҳангоми ба нақша гирифтани сафар ё боздид аз ҳудудҳои мазкур маълумоти расмиро пешакӣ санҷида, ба маҳдудиятҳои муқарраргардида риоя намоянд. Инчунин, ташкилоту корфармоёне, ки шаҳрвандони хориҷиро барои иҷрои корҳои хизматӣ ё меҳнатӣ ба ин минтақаҳо сафарбар мекунанд, бояд ҳудуди минтақаҳои дорои тартиби махсус ва талаботи мувофиқаи боздидро ба назар гиранд. Намояндагӣ аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои номатлуб ва риояи қонунгузории Федератсияи Россия, пеш аз сафар ба минтақаҳои зикршуда тартиби амалкунандаи боздидро аниқ намоянд. Пайванд ба Қарори № 1311: http://publication.pravo.gov.ru/document/0001202610090028?index=3 Телефонҳо барои тамос: 1.Рақами ягонаи бисёрхизматрасонӣ: +7 (495) 967-98-44 ва рақами фаъоли хати оҷил: +7 (999) 912-58-68 инчунин пайваст ба шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ва Телеграмм Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00 2.Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40, +7 (929) 540-88-88, +7 (915) 150-88-82, +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (915) 368-53-56; 2.2 Ҳавзаи федералии Марказӣ: шаҳрҳои Владимир, Иваново ва Кострама +7 (920) 941 60 60; 4.Ҳавзаи федералии Марказӣ: вилоятҳои Твер, Смоленск ва Ярослав +7 (923) 554 39 46; 5.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Қазон: +7 (926) 311-52-53; 6.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш.Санкт-Петербург: +7(977)963-25-69; 7. Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77; 8. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Астрахан: +7 (929) 388-54-11; 9. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99; 10. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур,ш.Хабаровск:+7(914) 202-09-56; 11. Минтақаи Ҷумҳурии Саха- Якутия, шаҳри Якутск: +7 (999) 217-0105, +7 (924) 361-80-33; Почтаи электронии Намояндагӣ: prmstj@mail.ru.

Views over time

020040019 Oct 13:4011 Nov 16:0841419 Oct 13:40: 0 views11 Nov 16:08: 414 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
19 Oct 2026, 13:400
11 Nov 2026, 16:08414

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.