Предминтруда РТ в РФ

@predmintrud_rt_rf · news · Russian · active

Subscribers 871 Subscribers, last 30 days: 867 → 870 +2 24h
Reach per post (ERR) 33.3%290 avg views
Posting 1.3/day last 19 hours ago
Reactions per 1K views 14.9 👍 👏 🙏

Масъулини Намояндагӣ дар доираи сафари корӣ ва гузаронидани корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дар Ҳавзаи федералии Приволжие дар шаҳри Нижний Новгород бо муфтии мусламонони вилоят Закиров Гаяз Салихович мулоқот намуданд. Зимни мулоқот нахуст, Закиров Гаяз изҳори миннатдории худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таваҷҷуҳи доимӣ ба шаҳрвандон ва гузаронидани корҳои иттилоотрасонӣ дар миёни муҳоҷирони меҳнатӣ, пешгирӣ аз омилҳои таъсиррасонӣ ба онхо изҳори сипос намуд. Дар ин замина, зимни баргузории мулоқот масъалаи баргузории вохуриҳо дар самти гузаронидани корҳои иттилоотрасонӣ дар миёни муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба талаботҳои нави қонунгузории кишвари иқомат, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротгароӣ, тундгароӣ, ҷараён ва мазҳабҳои гуногун ва гуруҳҳои хавфноку экстремистӣ, истифодаи оқилонаи воситаҳои иттилоотрасонӣ дар шабакаи ҷаҳонии интернет, тарғибу ташфиқи ғояҳои давлатӣ ва танзими будубоши қонунии шаҳрвандони хориҷӣ дар кишвари иқомат, риояи талаботҳои қонунгузорӣ ва дигар масъалаҳои муҳоҷиратӣ мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифт. Зикр гардид, ки дар самти бурдани корҳои итилоотрасонӣ оид ба талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат ва тартиби воридшавию дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ, дар умум оид ба дарёфти тавсияҳои ҳуқуқӣ аз ҷониби намояндагӣ маводҳо ҳамарӯза омода карда шуда, дар сомонаи расмии Намояндагӣ ва саҳимаҳои расмии он дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карда мешаванд, ки шаҳрвандон метавонанд аз ин манбаъҳо васеъ истифода намоянд. Ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки дар масҷидҳои ҷомеаи вилояти Нижний Новгород дар доираи имкониятҳои мавҷуда, бо пешниҳоди варақаҳои иттилоотӣ ва гузаронидани вохуриҳои фаҳмондадиҳӣ фаъолияти кориро дар ин самт густариш медиҳанд.

Views over time

010020030040019 Oct 06:5911 Nov 16:0836219 Oct 06:59: 0 views11 Nov 16:08: 362 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
19 Oct 2026, 06:590
11 Nov 2026, 16:08362

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.