Предминтруда РТ в РФ

@predmintrud_rt_rf · news · Russian · active

Subscribers 870 Subscribers, last 30 days: 867 → 870 +2 24h
Reach per post (ERR) 33.2%289 avg views
Posting 1.3/day last 17 hours ago
Reactions per 1K views 15.0 👍 👏 🙏

Дар шаҳри Уфа бо муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба пешгирии истеъмоли маводи мухаддир вохӯрӣ баргузор гардид Дар масҷиди ҷомеаи шаҳри Уфа бо ташаббуси Намояндагӣ ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори кишвари иқомат вохӯрии иттилоотию фаҳмондадиҳӣ бо иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон — муҳоҷирони меҳнатӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ масъулини Намояндагӣ ва Раёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Бошқирдистон иштирок намуданд. Зимни мулоқот ба иштирокчиён оид ба талаботи қонунгузории кишвари иқомат, зарурати риояи қатъии меъёрҳои ҳуқуқии амалкунанда, пешгирии шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро ва тундрав, инчунин оқибатҳои манфии истеъмоли машрубот ва маводи мухаддир маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд. Зимни суҳбат таъкид гардид, ки истеъмоли маводи мухаддир ва дигар моддаҳои мадҳушкунанда ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ расонида, метавонад боиси вобастагӣ, аз даст додани қобилияти меҳнатӣ ва ба миён омадани мушкилоти иҷтимоию ҳуқуқӣ гардад. Ҳамзамон, иштирокчиён ба риояи тарзи ҳаёти солим, эҳтиёткорӣ ва масъулиятшиносӣ дар назди худ, оила ва ҷомеа даъват карда шуданд. Дар идомаи вохӯрӣ ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, зарурати ба расмият даровардани муносибатҳои меҳнатӣ тавассути бастани шартнома бо корфармо, риояи талаботи бехатарӣ дар ҷойи кор ва пешгирии бемориҳои сироятӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Ба иштирокчиён тавсия дода шуд, ки қоидаҳои беҳдоштӣ ва санитариро риоя намуда, барои ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон тадбирҳои зарурӣ андешанд. Ҳамзамон, дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Бошқирдистон масъулини Намояндагӣ дар бозори марказии «Гуровский»-и шаҳри Уфа бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба фаъолияти меҳнатӣ машғул мебошанд, вохӯрӣ анҷом доданд. Дар ҷараёни мулоқот ба муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба масъалаҳои мубрами муҳоҷират, тағйироти охирини қонунгузории кишвари иқомат, инчунин зарурати риояи талаботи будубош ва фаъолияти меҳнатӣ маълумот пешниҳод гардид. Масъулини Намояндагӣ ба саволҳои иштирокчиён посухҳои мушаххас дода, ҷиҳати пешгирии қонуншиканиҳо ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳои зарурӣ ироа намуданд.

Views over time

020040016 Oct 13:3711 Nov 16:0838316 Oct 13:37: 0 views11 Nov 16:08: 383 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
16 Oct 2026, 13:370
11 Nov 2026, 16:08383

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.