БАРРАСИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ ДАР НУҲ МОҲИ СОЛИ 2026 ВА МУАЙЯН НАМУДАНИ ВАЗИФАҲО ТО ОХИРИ СОЛ 13 октябри соли 2026 таҳти раёсати вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат баргузор гардид. Дар ҷаласа масъала «Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2026 ва вазифаҳо барои охири сол» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар кори ҷаласа роҳбарияти Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷират, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират, муассисаҳои давлатӣ, корхонаҳои воҳиди давлатӣ, инчунин роҳбарони сохторҳои вазорат ва воҳидҳои он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Нахуст, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Норзода Шариф Сангинмурод оид ба натиҷаҳои фаъолияти вазорат дар нуҳ моҳи соли 2026 маърӯза пешниҳод намуда, раванди татбиқи вазифаҳои ба зиммаи сохторҳои соҳа вогузоршуда, корҳои анҷомдодашуда, натиҷаҳои бадастомада ва масъалаҳои ҳалталабро мавриди таҳлил қарор дод. Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади танзими муносибатҳои меҳнатӣ, таҳкими назорати риояи қонунгузории меҳнат, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кормандон, танзими равандҳои муҳоҷират, мусоидат ба шуғли аҳолӣ, касбомӯзӣ ва тавсеаи ҳунармандӣ дар доираи стратегияҳо, барномаҳо ва нақшаҳои амалкунанда як қатор тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ гардиданд. Дар баробари натиҷаҳои бадастомада, зарурати тақвияти кор дар самтҳои алоҳида ва андешидани чораҳои иловагӣ барои иҷрои пурра ва саривақтии вазифаҳои пешбинишуда таъкид карда шуд. Зимни муҳокимаи натиҷаҳои самтҳои фаъолият ба масъалаҳои ҳифзи меҳнат ва таъмини бехатарии кормандон дар ҷойҳои корӣ, пешгирии ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ, таҳкими назорати пардохти саривақтии музди меҳнат, иҷрои нақшаҳои касбомӯзии аҳолӣ ва мусоидат ҷиҳати бо шуғл фаро гирифтани шаҳрвандон дар дохили кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Ҳамзамон, масъалаҳои тақвияти кор бо шаҳрвандоне, ки баъди анҷоми фаъолияти меҳнатӣ аз хориҷи кишвар ба Ватан бармегарданд, фароҳам овардани имкониятҳои муносиби шуғл барои онҳо, таъмини гуногунсамтии муҳоҷирати меҳнатӣ ва ба роҳ мондани сафарбаркунии муташаккилонаи шаҳрвандон ба хориҷи кишвар аз ҷумлаи самтҳои муҳими фаъолият арзёбӣ гардиданд. Аз ҷониби раиси маҷлиси ҳайати мушовара зарурати тақвияти масъулияти роҳбарони сохторҳо, баланд бардоштани самаранокии иҷрои вазифаҳои соҳавӣ ва андешидани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои мавҷуда таъкид гардид. Дар идомаи ҷаласа масъалаҳои марбут ба фаъолияти сохторҳои вазорат дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, роҳбарони раёсату шуъбаҳо ва воҳидҳои сохторӣ вобаста ба самтҳои фаъолият ва натиҷаҳои бадастомада ба саволҳои раиси маҷлис посух гуфтанд. Дар фарҷоми ҷаласа аз ҷониби вазир бо дарназардошти натиҷаҳои таҳлил, масъалаҳои баррасишуда ва пешниҳодҳо барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, тақвияти назорати иҷрои нақшаю барномаҳои соҳавӣ ва таъмини иҷрои саривақтии супоришҳои додашуда ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд. Таъкид гардид, ки роҳбарони сохторҳои вазорат бояд иҷрои босифат ва натиҷабахши вазифаҳои ба зиммаашон гузошташударо таъмин намуда, барои ҳалли масъалаҳои мавҷуда ва ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда тадбирҳои зарурӣ андешанд. Дар ин замина, вазифаҳои афзалиятнок то охири соли 2026 муайян гардида, қарори дахлдори ҳайати мушовара оид ба масъалаи баррасишуда қабул карда шуд.