Предминтруда РТ в РФ

@predmintrud_rt_rf · news · Kazakh · active

Subscribers 873 Subscribers, last 30 days: 867 → 873 +3 24h
Reach per post (ERR) 31.7%277 avg views
Posting 1.3/day last 5 hours ago
Reactions per 1K views 14.9 👍 👏 🙏

Намояндагӣ бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия ба кору зиндагӣ машғуланд мерасонад, ки аз шомилшавии ба гуруҳҳои ифротгароӣ, террористӣ, экстремистӣ, инчунин гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва иғвоангез худдорӣ намуда, худ ва наздиконатонро аз чунин гуруҳҳо эмин нигоҳ доред. Тибқи маълумоти мавҷуда, дар солҳои охир ҳолатҳое ба қайд гирифта шудаанд, ки баъзе шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсони манфиатҷӯ ва гурӯҳҳои иғвоангез тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонакҳо, вохӯриҳои пинҳонӣ ва пешниҳодҳои шубҳаноки кору кӯмаки молиявӣ ба дом гирифта шуда, қурбони гуруҳҳои мазкур гардидаанд. Ҳадафи асосии чунин гурӯҳҳо истифодаи муҳоҷирони меҳнатӣ барои мақсадҳои ғаразнок, аз ҷумла ҷалб ба ҷиноятҳои гуногун, паҳнкунии идеологияи ифротгароӣ ва амалҳои террористию экстремистӣ мебошад. Дар робита ба ин, Намояндагӣ ба тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Россия қарор доранд, ҳушдор медиҳад: 1. Аз ҳама гуна тамос ва ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои ифротгароӣ, террористӣ ва экстремистӣ, инчунин бо шахсону гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва иғвоангез қатъан худдорӣ намоед. 2. Ба пешниҳодҳои шубҳаноки кор, кӯмаки молиявӣ, даъват ба вохӯриҳои пинҳонӣ ва гурӯҳҳои баста дар шабакаҳои иҷтимоӣ бовар накунед ва ба онҳо ҷавоб надиҳед. 3. Дар сурати ба чунин ҳолатҳо дучор шудан ё мушоҳидаи ҳолатҳои шубҳанок, фавран ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ё ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия муроҷиат намоед. 4. Дар хотир доред, ки шомилшавӣ ба чунин гурӯҳҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ҷинояти вазнин ҳисобида шуда, барои он ҷазои сахти ҷиноятӣ, аз ҷумла аз озодӣ маҳрум кардан, пешбинӣ гардидааст. Намояндагӣ аз тамоми шаҳрвандон даъват ба амал меорад, ки ҳушёр ва огоҳ бошанд, худ ва наздикони худро аз хатарҳои зикршуда ҳифз намоянд ва танҳо ба иттилои расмӣ такя намуда, хабару гузориш оид ба тағийротҳои қонунгузорию ҳодисаву воқеаҳоро дар дохили кишвари иқомат аз манбаъҳои расмӣ мутолиа намоянд. Дар ҳолати пеш омадани мушкилот, пайдо гардидани савол дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ шаҳрвандон метавонанд бо масъулини Намояндагӣ дар тамос шаванд. Телефонҳо барои тамос: 1. Рақами ягонаи бисёрхизматрасонӣ: +7 (495) 967-98-44 ва рақами фаъоли хати оҷил: +7 (999) 912-58-68 инчунин пайваст ба шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ва Телеграмм Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00 2. Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40, +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (915) 368-53-56; 3.Ҳавзаи федералии Марказӣ: шаҳрҳои Владимир, Иваново ва Кострама +7 (920) 941 60 60; 4.Ҳавзаи федералии Марказӣ: шаҳрҳои Твер, Смоленск ва Ярослав +7 (923) 554 39 46; 5.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Қазон: +7 (994) 1009559; 6.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш.Санкт-Петербург: +7(977)9632569; 7. Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (901) 3447777; 8. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Астрахан: +7 (929) 3885411; 9. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (999) 3414599; 10. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур,ш.Хабаровск:+7(985) 2970835; 11. Минтақаи Ҷумҳурии Саха: +7 924 4635519 Почтаи электронии Намояндагӣ: prmstj@mail.ru.

Views over time

020040011 Oct 09:5611 Nov 16:0837111 Oct 09:56: 0 views11 Nov 16:08: 371 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
11 Oct 2026, 09:560
11 Nov 2026, 16:08371

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.