Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon ✔

@emomalirahmontjk · news · Russian · active

Саҳифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Телеграм Саҳифаи мазкур аз тарафи Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корбарӣ мешавад. Сайт: http://www.president.tj Facebook: https://www.fb.com/emomalirahmontjk

Subscribers 26K Subscribers, last 30 days: 26K → 26K +0 24h · +0 7d
Reach per post (ERR) 27.3%7.1K avg views
Posting 3.0/day last 9 hours ago
Reactions per 1K views 0.0
  1. edited

    Лаҳзае аз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Қазоқистон #Казахстан #Kazakhstan President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

  2. 7 ноябр сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзҳои 5-7 ноябр дар Ҷумҳурии Қазоқистон ҷараён дошт ба анҷом расид. Дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Нурсултон Назарбоев меҳмони олимақом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо нишони эҳтирому самимияти баланд Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев гусел намуданд. Нимаи дуюми рӯзи 7 ноябр Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Остона ба Ватан баргаштанд. 7 ноября завершился официальный визит Президента Республики Таджикистан, Лидера нации уважаемого Эмомали Рахмона в Республику Казахстан, который проходил 5-7 ноября. В международном аэропорту имени Нурсултана Назарбаева высокопоставленного гостя – Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона – с особыми почестями и теплотой проводил Президент Республики Казахстан уважаемый Касым-Жомарт Токаев. Во второй половине дня 7 ноября Глава государства уважаемый Эмомали Рахмон из города Астаны возвратился на Родину. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Қазоқистон #Казахстан #Kazakhstan President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

  3. Маросими истиқболи расмии Пешвои миллат дар Қасри Ақорда #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Қазоқистон #Казахстан #Kazakhstan President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

  4. +6

    7 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон бо Президенти ин кишвар муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев дар шаҳри Остона дар вазъияти тантанавӣ бо бардоштани парда аз лавҳаи рамзӣ бинои муосиру хуштарҳи сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ба ифтихори ифтитоҳи бинои сафорат ва ташрифи сарони давлатҳо сурудҳои миллии Тоҷикистон ва Қазоқистон садо дода, Парчами давлатии Тоҷикистон афрохта шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев бо шароити кор дар сафорат шинос шуданд. Маҷмааи нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чор бинои асосӣ, аз ҷумла бинои асосии сафорат, бинои истиқоматии кормандон, бахши консулӣ ва қароргоҳи сафир ва биноҳои ёрирасон иборат мебошад. 7 ноября Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон в рамках официального визита в Республику Казахстан совместно с Президентом этой страны уважаемым Касым-Жомартом Токаевым в торжественной обстановке снятием покрывала с символической мемориальной доски ввели в эксплуатацию современное и архитектурно оформленное здание Посольства Республики Таджикистан в Республике Казахстан в городе Астане.` В честь открытия здания Посольства и визита глав государств прозвучали национальные гимны Таджикистана и Казахстана, был поднят Государственный флаг Таджикистана. Президент Республики Таджикистан уважаемый Эмомали Рахмон и Президент Республики Казахстан уважаемый Касым-Жомарт Токаев ознакомились с условиями работы в Посольстве. Новый комплекс Посольства Республики Таджикистан состоит из четырёх основных зданий, в том числе главного здания Посольства, жилого корпуса для сотрудников, консульского отдела, резиденции посла, а также вспомогательных зданий. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Қазоқистон #Казахстан #Kazakhstan President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

  5. +6

    Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев маросими имзои 20 санади нави ҳамкорӣ бургузор шуд. Сарони давлатҳо зери Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон имзо гузоштанд. Мавриди зикри хос аст, ки дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон форуми тиҷоратии соҳибкорони ду кишвар баргузор гардид. Дар маҷмуъ миёни доираҳои соҳибкорӣ 25 санад ба маблағи умуми 2,5 миллиард доллари амрикоӣ ба имзо расид. По завершении встречи и переговоров на высшем уровне между Таджикистаном и Казахстаном в присутствии и при участии глав государств уважаемого Эмомали Рахмона и уважаемого Касым-Жомарта Токаева состоялась церемония подписания 20 новых документов о сотрудничестве. Главы государств подписали Совместное заявление Президента Республики Таджикистан и Президента Республики Казахстан. Следует особо отметить, что в рамках официального визита Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона в Республику Казахстан состоялся бизнес-форум предпринимателей двух стран. В общей сложности между представителями деловых кругов было подписано 25 документов на общую сумму 2,5 миллиарда долларов. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Қазоқистон #Казахстан #Kazakhstan President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

  6. +3

    Барои саҳми барҷаста дар таҳким ва рушди пайвастаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни ду кишвар, Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонида шуданд. Ин ҷоизаи олии давлатии ба наздикӣ таъсисёфтаи Қазоқистонро ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Ҷомарт Тоқаев тақдим намуданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мукофоти давлатиро "боз як тасдиқи сатҳи баланди эҳтиром ва эътимоди дуҷониба миёни кишварҳои мо" ва қадрдонии "хизматҳои тамоми мардуми Тоҷикистон дар таҳкими пайвастаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ бо Қазоқистони бародар" тавсиф карданд. За выдающийся вклад в последовательном укреплении и развитии отношений дружбы и сотрудничества между двумя странами Президент нашей страны уважаемый Эмомали Рахмон награжден Орденом Ходжа Ахмет Яссауи. Эту недавно учрежденную высшую государственную награду Казахстана Главе нашего государства уважаемому Эмомали Рахмону в торжественной обстановке вручил Президент Республики Казахстан уважаемый Касым-Жомарт Токаев. Уважаемый Эмомали Рахмон расценил эту государственную награду «ещё одним подтверждением высокого уровня взаимного уважения и доверия между нашими государствами» и высокой оценкой «заслуг всего народа Таджикистана в последовательном укреплении отношений дружбы и сотрудничества с братским Казахстаном». #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Қазоқистон #Казахстан #Kazakhstan President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

  7. +5

    7 ноябр мулоқоту музокироти расмии сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон дар қасри президентии Ақорда дар Остона баргузор шуд. Дар ҷараёни суҳбат ҳарду пешво аз имконияти сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Қазоқистон ва муҳокимаи роҳҳои рушд ва таҳкими шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонӣ миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карданд. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки ҳамкории ду кишвар дар ҳама самтҳои калидӣ босуръат рушд меёбад ва Қазоқистон яке аз шарикони пешбари тиҷоратӣ ва иқтисодии Тоҷикистон мебошад. Зикр гардид, ки дар нӯҳ моҳи аввали соли 2026 тиҷорати миёни ду кишвар 25,6% афзоиш ёфта, ҳаҷми он аз як миллиард доллар зиёд шудааст. Дар оғози музокирот, муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев чунин изҳор доштанд "Муҳтарам Эмомалӣ Шарипович! Ман аз сафари шумо ба Қазоқистон самимона истиқбол мекунам. Мо Шуморо ҳамчун як арбоби барҷастаи давлатӣ, як пешвои эътирофшудаи умумимилли мардуми тоҷик мешиносем. Ва имрӯз мо комилан ҳақ дорем дар бораи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ миёни ду давлати бародари худ сухан гӯем". 7 ноября официальные встречи и переговоры на высшем уровне между Таджикистаном и Казахстаном состоялись в президентском дворце Акорда в городе Астана. Оба лидера выразили удовлетворение возможностью официального визита Президента Таджикистана в Казахстан и обсуждения путей развития и углубления стратегического партнерства и союзнических отношений между двумя странами. Президент нашей страны уважаемый Эмомали Рахмон подчеркнул, что сотрудничество между двумя странами динамично развивается во всех ключевых сферах, и Казахстан входит в число ведущих торгово-экономических партнёров Таджикистана. Было отмечено, что по итогам девяти месяцев 2026 года, объём товарооборота между двумя странами вырос на 25,6%, превысив один миллиард долларов. Касым-Жомарт Токаев в начале переговоров заявил следующее: «Дорогой Эмомали Шарипович! Я от всей души приветствую Ваш визит в Казахстан. Мы знаем Вас как выдающегося государственного деятеля, общепризнанного лидера таджикского народа. И сегодня мы с полным основанием говорим о стратегическом партнерстве и союзничестве двух братских государств». #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Қазоқистон #Казахстан #Kazakhstan President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

  8. +6

    7 ноябр дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри “Ақорда” сурат гирифт. Ба хотири истиқболи меҳмони олимақом, Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон макони истиқболи расмӣ бо парчамҳои давлатии ду кишвар идона оро ёфта, горд ва оркестри фахрӣ саф кашида буд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев самимона пешвоз гирифтанд. Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузашти сарони давлатҳо аз назди сарбозон ва ба ҷо овардани эҳтиром ба Парчами давлатии Қазоқистон сурат гирифт. 7 ноября в городе Астане Республики Казахстан во дворце «Акорда» состоялась церемония официальной встречи Президента Республики Таджикистан, Лидера нации уважаемого Эмомали Рахмона. В честь встречи высокого гостя – Главы государства Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона место проведения официальной церемонии было празднично украшено государственными флагами двух стран, был выстроен почётный караул и почётный оркестр. Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона тепло встретил Президент Республики Казахстан уважаемый Касым-Жомарт Токаев. Церемония официальной встречи прошла с рапортом командира почётного караула, исполнением национальных гимнов двух стран, прохождением глав государств перед военнослужащими и выражением уважения Государственному флагу Казахстана. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Қазоқистон #Казахстан #Kazakhstan President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

  9. 6 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи “Раванди Ақаба” таҳти унвони «Амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ» дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ масоили таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд. “Мо кишвари Шуморо аз шарикони муҳими худ дар минтақаи Ховари Миёна ва ҷаҳони ислом медонем”-изҳор доштанд дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Зимни суҳбат масоили вобаста ба таҳкими робитаҳои сиёсӣ, густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию башарӣ дар маркази таваууҳ қарор гирифт. 6 ноября Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон в рамках заседании «Акабского процесса» на тему «Безопасность в сфере искусственного интеллекта» в Астане, Республика Казахстан провел встречу с Королем Иорданского Хашимитского Королевства Абдуллой II ибн аль-Хусейном. На встрече обсуждались вопросы укрепления отношений дружбы и сотрудничества между двумя странами. «Мы считаем Вашу страну одним из наших важных партнеров на Ближнем Востоке и в исламском мире», — сказал глава нашего государства уважаемый Эмомали Рахмон в начале беседы. В ходе беседы в центре внимания были вопросы укрепления политических связей, расширения торгово-экономического и культурно-гуманитарного сотрудничества. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Қазоқистон #Казахстан #Kazakhstan #AqabaProcess #Урдун #Иордания #Jordan President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

  10. +1

    6 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҷаласаи “Раванди Ақаба” оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Таъкид гардид, ки нишасти имрӯза, ки дар шароити рушди босуръати фанновариҳои рақамӣ, бахусус зеҳни сунъӣ мегузарад, рӯйдоди саривақтӣ ва муҳим мебошад. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки пешрафти бесобиқаи фанновариҳо барои густариши арсаҳои гуногун, аз ҷумла соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, илму маориф ва такмили низоми идоракунии давлатӣ имконоти фаровон фароҳам меоварад. 6 ноября Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон принял участие и выступил на заседании «Акабского процесса» по вопросам обеспечения безопасности в сфере искусственного интеллекта, состоявшемся в городе Астане Республики Казахстан. Было подчёркнуто, что сегодняшняя встреча, которая проходит в условиях стремительного развития цифровых технологий, и в особенности искусственного интеллекта, является весьма своевременным и значимым событием. Президент нашей страны уважаемый Эмомали Рахмон отметил, что беспрецедентный технологический прогресс открывает широкие возможности для развития различных сфер, включая социально-экономический сектор, науку, образование и совершенствование системы государственного управления. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Қазоқистон #Казахстан #Kazakhstan #AqabaProcess President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

  11. edited

    Иштироки Пешвои миллат дар ҷаласаи Раванди Ақаба дар Остона #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Қазоқистон #Казахстан #Kazakhstan #AqabaProcess President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

  12. 6 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли ҳамватанони азизу гиромиро ба ифтихори 32-юмин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони мардуми кишвар саломативу хушбахтӣ ва оромиву ободӣ орзу намуданд. 6 ноября Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон в своем поздравительном послании, поздравил всех дорогих и уважаемых соотечественников с 32-й годовщиной принятия Конституции свободного и независимого Таджикистана и пожелал каждой семье нашей страны здоровья, счастья, мира, спокойствия и благополучия. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Конститутсия #Конституция #Constitution President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

  13. Истиқболи бошукӯҳи Пешвои миллат дар фурудгоҳи Остона #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Қазоқистон #Казахстан #Kazakhstan President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

  14. Истиқболи бошукӯҳи Пешвои миллат дар фурудгоҳи Остона #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Қазоқистон #Казахстан #Kazakhstan President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

  15. +3

    Нимаи дуюми рӯзи 5 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд. Ба хотири истиқболи меҳмони олимақом, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ, аксҳои сарони давлатҳо ва шиорҳои тараннумкунандаи дӯстию бародарӣ идона ороста шуда буд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи байналмилалии Нурсултон Назарбоев бо нишони эҳтироми баланд Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Во второй половине дня 5 ноября Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон с официальным визитом прибыл в город Астану Республики Казахстан. В честь прибытия высокопоставленного гостя, Президента Республики Таджикистан площадь аэропорта была празднично украшена государственными флагами, фотографиями глав государств и лозунгами, отражающими дружбу и братство народов. Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона в Международном аэропорту Нурсултан Назарбаев в знак высокого уважения тепло и искренне встретил Президент Республики Казахстан уважаемый Касым-Жомарт Токаев. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Қазоқистон #Казахстан #Kazakhstan President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

  16. 5 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми боздиди расмӣ ва иштирок дар Мулоқоти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҳошияи «Раванди Ақаба» оид ба амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

  17. edited

    Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: Комилбек Амид – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғ Амирбекзода Ҳабибулло – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Дарвоз Вализода Қурбон – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Вахш Собирзода Шералӣ – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Дӯстӣ Юсуфзода Қурбоналӣ – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Кӯшониён Ризозода Дилшод – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Муъминобод Гулзода Зафар – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Дилшоди Давлаталӣ – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фархор Нишонзода Даврон – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Қубодиён Маҳмудзода Муслиҳиддин – раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Нурмаҳмадзода Тоҷиддин – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Сангвор Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назирӣ Зариф – директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ Раҷабзода Сироҷиддин – ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев Мирзода Сайдулло – директори МД «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Аҳрор – муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

  18. edited
    +5

    4 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз фаъолияти соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллии кишвар як қатор тағйироти кадрӣ ворид намуданд. Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони нохияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Вахш, Кӯшониён, Фархор, Шамсиддин Шоҳин, Қубодиён, Муъминобод ва Дӯстии вилояти Хатлон ва раиси ноҳияи Сангвор аз ҳисоби кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба таъин гардиданд. Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев», директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #ТаъинотиКадрӣ #КадровыеНазначения #PersonnelAppointments President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

  19. edited

    Ифтитоҳи иншооти нав ва муаррифии лоиҳаҳои оянда дар вилояти Суғд #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Суғд #Согд #Sughd President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

  20. +6

    3 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд, як қатор иншооти таъиноти гуногунро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд. Таъкид гардид, ки дар доираи сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд 8 иншооти таъиноти гуногун ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар натиҷа, беш аз 150 ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, тандурустӣ, маориф ва варзиш заминаи мусоид фароҳам оварда шуд. Дар ҳамин ҷо, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи сохтмони пули мошингузар аз хиёбони Рифъат Ҳоҷиев то гардиши кӯчаи Раҳмон Набиев марҳилаи 1, таҷдиди пули мавҷуда ва сохтмони пули нав аз болои Сирдарё дар хиёбони Исмоили Сомонӣ марҳилаи 2, мустаҳкамкунии соҳил ва таҷдиди роҳи мошингузари кӯчаи Раҳмон Набиев дар соҳили чапи Сирдарё марҳилаи 3, таҷдиди хиёбони Истиқлол марҳилаи 4 муаррифӣ карда шуд. Ҳамчунин ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои дар оянда татбиқшаванда дар вилояти Суғд ба монанди сохтмони Маркази тамаддуни ориёӣ ва Китобхонаи вилоятӣ, Чойхонаи миллӣ дар соҳили дарёи Сир, меҳмонхонаи Ҳилтон, маҷмааи меҳмонхонаи Истиқлол ва навсозии меҳмонхонаи Хуҷанд дар шаҳри Бустон муаррифӣ карда шуд. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Суғд #Согд #Sughd President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

  21. Older posts