Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon ✔

@emomalirahmontjk · news · Russian · active

Subscribers 26K Subscribers, last 30 days: 26K → 26K +0 24h
Reach per post (ERR) 26.7%6.9K avg views
Posting 3.2/day last 1 day ago
Reactions per 1K views 0.0

3 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд, як қатор иншооти таъиноти гуногунро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд. Таъкид гардид, ки дар доираи сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд 8 иншооти таъиноти гуногун ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар натиҷа, беш аз 150 ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, тандурустӣ, маориф ва варзиш заминаи мусоид фароҳам оварда шуд. Дар ҳамин ҷо, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи сохтмони пули мошингузар аз хиёбони Рифъат Ҳоҷиев то гардиши кӯчаи Раҳмон Набиев марҳилаи 1, таҷдиди пули мавҷуда ва сохтмони пули нав аз болои Сирдарё дар хиёбони Исмоили Сомонӣ марҳилаи 2, мустаҳкамкунии соҳил ва таҷдиди роҳи мошингузари кӯчаи Раҳмон Набиев дар соҳили чапи Сирдарё марҳилаи 3, таҷдиди хиёбони Истиқлол марҳилаи 4 муаррифӣ карда шуд. Ҳамчунин ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои дар оянда татбиқшаванда дар вилояти Суғд ба монанди сохтмони Маркази тамаддуни ориёӣ ва Китобхонаи вилоятӣ, Чойхонаи миллӣ дар соҳили дарёи Сир, меҳмонхонаи Ҳилтон, маҷмааи меҳмонхонаи Истиқлол ва навсозии меҳмонхонаи Хуҷанд дар шаҳри Бустон муаррифӣ карда шуд. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Суғд #Согд #Sughd President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

Views over time

02.5K5K7.5K10K3 Nov 09:3211 Nov 18:298K3 Nov 09:32: 0 views11 Nov 18:29: 7,980 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
3 Nov 2026, 09:320
11 Nov 2026, 18:298K

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.