🎬 Филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон дар бораи дӯстии Ҷомию Навоӣ 16-уми ноябр намоиш дода мешавад Нахустнамоиши махсуси филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон бо номи «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» 16-уми ноябр баргузор мегардад. Дар ин бора 12-уми ноябр зимни нишасти матбуотӣ директори «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён хабар додааст. Вохӯрӣ ба муносибати Рӯзи президенти Тоҷикистон ва намоиши дарпешистодаи филм баргузор шудааст. Филм аз зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии ду чеҳраи барҷастаи адабиёти Шарқ — Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ нақл мекунад. Меҳвари асосии достон дӯстии самимии ин ду адиб ва саҳми онҳо дар рушди илму фарҳанг мебошад. Наворбардории филм дар мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ва Узбекистон сурат гирифта, давомнокии он 144 дақиқаро ташкил медиҳад. Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин дар бораи раванди таҳияи филм, интихоби ҳунармандон, забони асар ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаи синамогарони ду кишвар маълумот дода шудааст. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
929
tracking since 13 Nov
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
21.0/day
last 17 minutes ago
Reactions per 1K views
2.0
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 13 Nov 2026, 10:07 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 44 |
| 13 Nov 2026, 11:47 | 55 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.