Your Tajikistan

@your_tj · active

Subscribers 929 tracking since 13 Nov
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 21.0/day last 17 minutes ago
Reactions per 1K views 2.0 ❤ 👍 🔥

🏥 Дар Душанбе беморхонаи байналмилалӣ бо имкони ташхиси 1 200 нафар дар як рӯз ба фаъолият оғоз кард 13-уми ноябр дар пойтахт Беморхонаи байналмилалии Душанбе ифтитоҳ ёфт. Дар маросими кушодашавӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ иштирок карданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти президенти кишвар хабар додааст. 🩺 Беморхона имкони ташхиси 1 200 бемор ва бистарӣ кардани 150 нафар дар як вақтро дорад. Он аз 30 шуъба иборат буда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, озмоишгоҳӣ ва ташхисӣ таъмин шудааст. 🤖 Дар ин маркази тиббӣ технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ истифода мешаванд. Тамоми марҳилаҳои хизматрасонӣ — аз бақайдгирӣ то ташхис, табобат ва дастрас намудани натиҷаҳо дар як низоми ягонаи иттилоотӣ муттаҳид шудаанд. 🔬 Беморхона бо дастгоҳи МРТ-и иқтидораш 3 Тесла, ангиограф барои ташхису табобати бемориҳои рагҳо, маммографи рақамии сеандоза ва таҷҳизоти муосири рентгенӣ муҷаҳҳаз мебошад. Ин имкон медиҳад, ки бемориҳо дар марҳилаҳои аввал муайян гардида, амалиёти мураккаб ва ёрии таъҷилии тиббӣ низ анҷом дода шаванд. 👨‍⚕️ Айни замон дар беморхона 186 мутахассиси ватаниву хориҷӣ фаъолият мекунанд. Пас аз пурра ба кор даромадани ҳамаи шуъбаҳо шумораи кормандон метавонад ба 420 нафар расад. ❤️ Дар ин муассиса хизматрасониҳои тиббӣ аз рӯйи самтҳои кардиология, педиатрия, асабшиносӣ, нейроҷарроҳӣ, урология, гинекология, чашмпизишкӣ, дандонпизишкӣ ва дигар бахшҳо пешниҳод мешаванд. Шуъбаи алоҳидаи Check-up бошад, барои гузаронидани муоинаҳои ҳамаҷонибаи пешгирикунанда, арзёбии вазъи саломатӣ ва ошкор кардани саривақтии бемориҳо пешбинӣ шудааст. 🌐 Дар оянда беморхона на танҳо муассисаи табобатӣ, балки маркази ҳамкориҳои байналмилалӣ, таҳқиқоти илмӣ ва омодасозии табибон низ хоҳад шуд. Дар ин ҷо омӯзиш ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи тиб ба роҳ монда мешавад. 🏢 Барои беморон ва кормандон ошхона бо 150 ҷойи нишаст ва толори конфронсӣ барои 80 нафар низ пешбинӣ шудааст. Зимни ифтитоҳ Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон супориш додааст, ки имкониятҳои беморхонаро самаранок истифода бурда, риояи стандартҳои байналмилалии хизматрасонии тиббӣ ва беҳдошти саломатии аҳолиро таъмин намоянд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

020406013 Nov 08:3413 Nov 11:474813 Nov 08:34: 0 views13 Nov 11:16: 43 views13 Nov 11:47: 48 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
13 Nov 2026, 08:340
13 Nov 2026, 11:1643
13 Nov 2026, 11:4748

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.