Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 928 Subscribers, last 30 days: 928 → 930 +2 24h
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 20.1/day last 8 hours ago
Reactions per 1K views 2.0 ❤ 👍 🔥

📌 Муфтии Тоҷикистон ба феҳристи 500 мусалмони бонуфузи ҷаҳон шомил шуд Маркази таҳқиқоти стратегии исломии шоҳигарии Урдун (RISSC), воқеъ дар Аммон, нашри нави феҳристи «The Muslim 500»-ро барои соли 2027 ба нашр расонидааст. Дар он 500 нафар аз мусалмонони бонуфузи ҷаҳон муаррифӣ шудаанд. 🇹🇯 Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ба бахши «Идоракунии умури динӣ» шомил шудааст. Ҳамчунин, шоҳзода Раҳим Оғохони V, пешвои 50-уми рӯҳонии мусалмонони исмоилӣ, дар бахши ёдоварии ифтихорӣ зикр шудааст. Ҷомеаи исмоилия дар Тоҷикистон низ пайравони зиёд дорад. 🇺🇿 Дар миёни намояндагони Осиёи Марказӣ, Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев таваҷҷуҳи бештарро ба худ ҷалб кардааст. Ӯ бори аввал ба 50 нафари аввали феҳрист ворид шуда, мақоми 40-умро гирифтааст. Раҳбари ҳаракати «Толибон»* Ҳайбатуллоҳ Охундзода дар ҷойи 43-юм қарор дорад. 🏆 Бори аввал дар таърихи нашрия мақоми аввалро ҳамзамон панҷ нафар соҳиб шудаанд: шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз, валиаҳд Муҳаммад бин Салмон, сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф, фелдмаршал Осим Мунир ва Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон. Тавре дар худи феҳрист шарҳ дода шудааст, 50 нафари аввал аз рӯйи ҷойгоҳ радабандӣ шудаанд. Аммо боқимондаи шахсиятҳо дар бахшҳои мавзӯӣ ҷой гирифта, барои онҳо мақоми алоҳидаи рейтингӣ муайян нашудааст. * «Толибон» гурӯҳи мамнуъ дар Тоҷикистон

Views over time

05010012 Nov 15:2613 Nov 11:169412 Nov 15:26: 0 views13 Nov 11:16: 94 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
12 Nov 2026, 15:260
13 Nov 2026, 11:1694

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.