🏢 Дар Душанбе намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон-2026» оғоз ёфт 12-уми ноябр дар маркази намоишгоҳии «Dushanbe EXPO» намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» ба оғоз ёфт. Чорабинӣ то 14-уми ноябр идома меёбад. Тибқи иттилои АМИТ «Ховар», намоишгоҳро Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати кишвар ташкил кардааст. Дар он ширкатҳо аз Тоҷикистон, Русия, Беларус, Қирғизистон, Узбекистон, Эрон, Покистон ва Чин маҳсулоту хизматрасониҳои худро муаррифӣ мекунанд. Аз ҷумла, маҳсулоти кишоварзӣ, саноати хӯроквориву сабук, ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти мошинсозӣ ба намоиш гузошта шудаанд. Ҳамчунин, истеҳсолкунандагони таҷҳизоти таъмири автомобил, таъминкунандагони таҷҳизоту хизматрасонӣ барои сохтмони гармхонаҳо ва корхонаҳои истеҳсоли маводи кимиёвии рӯзгор иштирок доранд. Интизор меравад, ки як ширкати муҳандисии дорои давраи пурраи истеҳсолӣ низ таҷҳизоти худро муаррифӣ кунад. Самтҳои дигари намоишгоҳ энергетика ва гидроэнергетика, саноати кӯҳӣ, сохтмон, тиб ва дорусозӣ, технологияҳои иттилоотӣ, нақлиёт ва логистикаро дар бар мегиранд. Ҳадафи асосии чорабинӣ фароҳам овардани шароит барои пайдо кардани шарикони тиҷоратӣ, паҳнкунандагони маҳсулот ва бастани шартномаҳои ҳамкорӣ мебошад. Намоишгоҳи «Тоҷикистон» аз соли 2016 баргузор мешавад. Он ба корхонаҳои ватанӣ имкон медиҳад, ки маҳсулоту дастовардҳои худро муаррифӣ карда, ширкатҳои хориҷӣ бошанд, шарикони худро дар бозори Тоҷикистон пайдо намоянд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
928
+2 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
20.1/day
last 8 hours ago
Reactions per 1K views
2.0
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 12 Nov 2026, 11:51 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 84 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.