⚡️ Ҷопон барои таҳсили кормандони давлатии Тоҷикистон 1,8 млн доллар грант медиҳад Ҷопон барои таҳсили кормандони давлатии Тоҷикистон дар донишгоҳҳои олии ин кишвар 296 миллион йен, баробар ба тақрибан 1,8 миллион доллар, ҷудо мекунад. Созишномаи марбут ба татбиқи тарҳи «Пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ» миёни Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва Такемура Йошимаса, роҳбари намояндагии Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) дар Тоҷикистон, ба имзо расидааст. Ҳадафи барнома фароҳам овардани имконият барои таҳсили кормандони давлатӣ дар зинаҳои магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои Ҷопон ва густариши ҳамкориҳои ду кишвар мебошад. Аммо то ҳол шарту талаботи дарёфти ин бурсияҳо эълон нашудааст. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
928
+2 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
20.1/day
last 8 hours ago
Reactions per 1K views
2.0
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 12 Nov 2026, 11:31 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 85 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.