Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 928 Subscribers, last 30 days: 928 → 930 +2 24h
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 20.1/day last 8 hours ago
Reactions per 1K views 2.0 ❤ 👍 🔥

🔴 То 13-уми ноябр дар Тоҷикистон борону барф ва хатари сел боқӣ мемонад Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз идомаи боришоти борону барф ва эҳтимоли фаромадани сел дар минтақаҳои кишвар то 13-уми ноябр хабар додааст. Ба иттилои ин ниҳод, дар рӯзҳои наздик ҳаво сард шуда, дар аксари минтақаҳо ноустувории вазъи боду ҳаво боқӣ мемонад. Дар ноҳияҳои водию доманакӯҳӣ асосан борон ва дар минтақаҳои кӯҳӣ, аз ҷумла баландиҳои беш аз 2000 метр, барф меборад. Ҳамчунин, шабҳои 12 ва 13-уми ноябр дар баъзе ноҳияҳои кишвар, ба истиснои ВМКБ, боронҳои шадид пешбинӣ шудаанд. Дар натиҷаи боришот эҳтимоли омадани сел дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии вилоятҳои Суғд ва Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва қисмати ғарбии ВМКБ вуҷуд дорад. Ҳамзамон, баланд шудани сатҳи оби дарёҳои Обихингоб, Вахш, Ёхсу, Қизилсуи Ҷанубӣ ва дигар рӯдҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор сарчашма мегиранд, пешбинӣ шудааст. Мақомот аз сокинон даъват кардаанд, ки дар ин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд ва қоидаҳои бехатариро риоя кунанд. Ёдовар мешавем, ки дар пайи боришоти рӯзи гузашта дар баъзе минтақаҳо, аз ҷумла шаҳри Кӯлоб, сел фаромада, ба роҳҳои мошингард ва қубурҳои обгузар зарар расонд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

025507512 Nov 04:2213 Nov 11:167612 Nov 04:22: 0 views13 Nov 11:16: 76 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
12 Nov 2026, 04:220
13 Nov 2026, 11:1676

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.