📌 Сел дар Кӯлоб ба роҳҳо ва 30 қитъаи наздиҳавлигӣ осеб расонд Шоми 10-уми ноябр дар пайи боронҳои шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омад. Ҷараёни обу лой кӯчаҳоро зер карда, ба роҳҳо, қубурҳои обпарто ва ҳудуди 25–30 қитъаи наздиҳавлигӣ зарар расонд. Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, сел тақрибан соати 21:40 аз боло рафтани сатҳи об дар каналҳои обпарто ва маҷрои дарёҳои Девонасой, Шӯраксой ва Тебалай сар задааст. Обу лой кӯчаҳои чанд маҳаллаи шаҳр, аз ҷумла Хати Роҳ, Даминзода, Фирдавсӣ, Ҷомӣ, 1 Май ва Корвонгузарро фаро гирифтааст. Хушбахтона, талафоти ҷонӣ ва осебдидагон ба қайд гирифта нашудаанд. Наҷотдиҳандагон ва намояндагони мақомоти маҳаллӣ дар ҷойи ҳодиса кор карда, ҳаҷми зарарро муайян мекунанд. Ҳамзамон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Кӯлоб хабар додааст, ки хонаҳои истиқоматӣ, иншооти иҷтимоӣ, роҳҳо ва пулҳои шаҳр осеб надидаанд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
928
+2 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
20.1/day
last 8 hours ago
Reactions per 1K views
2.0
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 11 Nov 2026, 12:18 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 103 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.