Қазоқистон содироти 20 ҳазор тонна бензини АИ-92 ба Тоҷикистонро ба нақша гирифтааст Қазоқистон ният дорад моҳи ноябри соли 2026 ба Тоҷикистон 20 ҳазор тонна бензини навъи АИ-92 интиқол диҳад. Дар ин бора 10-уми ноябр вазири энергетикаи Қазоқистон Ерлан Аккенежов хабар додааст. Ба гуфтаи вазир, тавофуқи мазкур зимни сафари Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, ба Қазоқистон ҳосил шудааст. Ӯ изҳор доштааст, ки Вазорати энергетикаи Қазоқистон барои моҳи ноябр содироти ин миқдор бензинро пешбинӣ кардааст. Ҳоло ширкатҳои тиҷоратии ду кишвар бояд масири интиқол ва нархи фурӯши сӯзишвориро мувофиқа кунанд. Ҳамзамон, Қазоқистон манъи содироти сӯзишворӣ, сӯзишвории дизелӣ ва як қатор маҳсулоти дигари нафтиро шаш моҳи дигар тамдид кардааст. Ин маҳдудият то моҳи майи соли 2027 амал хоҳад кард. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads