Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 929 Subscribers, last 30 days: 928 → 930 +2 24h
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 20.1/day last 10 hours ago
Reactions per 1K views 2.0 ❤ 👍 🔥

Хадамоти алоқа барои муайян кардани назари аҳолӣ оид ба сифати интернет пурсиш мегузаронад Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон барои муайян кардани сатҳи қаноатмандии аҳолӣ аз сифати интернет ва дигар хизматрасониҳои соҳаи алоқа пурсиши онлайнӣ ташкил кардааст. Ба иттилои ин ниҳод, пурсиш дар доираи татбиқи Стратегияи рушди соҳаи алоқа то соли 2040 гузаронида шуда, ҳадафи он муайян кардани мушкилоти мавҷуда ва таҳияи пешниҳодҳо барои беҳтар намудани сифати алоқа, интернет ва хизматрасонӣ ба муштариён мебошад. Сокинон метавонанд тавассути телефон ё компютер дар пурсиш иштирок карда, назари худро баён намоянд. Пурсиш махфӣ буда, маълумоти шахсии иштирокчиён ва ному насаби онҳо ошкор карда намешавад. Дар саволнома, аз ҷумла, масъалаҳои қаноатмандӣ аз суръати интернет, арзиши хизматрасониҳо ва сифати алоқаи мобилӣ мавриди пурсиш қарор мегиранд. 🔗 Иштирок дар пурсиш: https://ee.kobotoolbox.org/x/zY1hT1Wz 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

02040608011 Nov 05:1913 Nov 11:166811 Nov 05:19: 0 views13 Nov 11:16: 68 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
11 Nov 2026, 05:190
13 Nov 2026, 11:1668

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.