Бонки миллӣ ба муассисаҳои қарзии Тоҷикистон 100 млн. сомонӣ пешниҳод кардааст Дар музоядаи қарзии Бонки миллии Тоҷикистон, ки 3 ноябр баргузор шуд, аз 100 миллион сомонии пешниҳодшуда танҳо барои гирифтани 37 миллион сомонӣ дархост ворид гардидааст. Меъёри миёнавазни фоизӣ 7,01 дарсади солонаро ташкил додааст. Ба иттилои Бонки миллӣ, ҳаҷми дархостҳо нисбат ба музоядаи қаблии 29 октябр қариб ду баробар зиёд шудааст. Он замон бонкҳо барои гирифтани 19,5 миллион сомонӣ муроҷиат карда буданд. Маблағи пешниҳодшуда ва меъёри фоизӣ дар ҳар ду музояда бетағйир мондаанд. Сабаби пурра истифода нашудани маблағи ҷудошуда аз ҷониби Бонки миллӣ шарҳ дода нашудааст. Қобили зикр аст, ки музоядаҳои қарзӣ бо мақсади таъмин намудани бонкҳо бо маблағҳои иловагӣ ва нигоҳ доштани пардохтпазирии онҳо баргузор мешаванд. Ин қарзҳо барои муҳлати 14 ва 28 рӯз бо пешниҳоди гарав дода мешаванд. Ҳамзамон, тибқи маълумоти Бонки миллӣ, меъёри миёнавазни фоизи қарзҳои сомонӣ барои муштариён дар моҳҳои январ–сентябр 23,52 фоизи солонаро ташкил додааст. Фарқият ба он вобаста аст, ки ҳангоми пешниҳоди қарз ба аҳолӣ бонкҳо хароҷот, муҳлати қарз ва хавфи барнагардонидани маблағро низ ба назар мегиранд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
929
+2 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
20.1/day
last 11 hours ago
Reactions per 1K views
2.0
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 10 Nov 2026, 09:02 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 95 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.