Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни химия соҳиби се медали биринҷӣ шуданд Се хонандаи тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии химия ба номи Абурайҳони Берунӣ, ки дар Узбекистон баргузор гардид, мақоми сеюмро касб карда, бо медалҳои биринҷӣ қадрдонӣ шуданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, дар ин сабқати байналмилалӣ 115 хонанда аз 17 кишвари ҷаҳон иштирок намуда, донишу маҳорати худро дар фанни химия санҷидаанд. Се медали биринҷиро Артём Батрутдинов ва Баҳодур Зиёев, толибилмони Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, инчунин Абдулло Бойзода, тарбиятгирандаи литсей-интернати «Ҳотам ва ПВ», ба даст оварданд. Вазорати маориф ва илм дастоварди хонандагонро натиҷаи заҳмати пайваста, истеъдод, кӯшишу талош ва шавқи баланди онҳо ба омӯзиш арзёбӣ кардааст. Ҳамзамон, саҳми омӯзгорон дар омода намудани хонандагон ба ин мусобиқаи байналмилалӣ махсус таъкид шудааст. Ба гуфтаи вазорат, маҳорати касбӣ, масъулиятшиносӣ ва таваҷҷуҳи омӯзгорон ба тарбияи хонандагони болаёқат дар ба даст овардани чунин натиҷа нақши муҳим гузоштааст. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
929
+2 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
20.1/day
last 11 hours ago
Reactions per 1K views
2.0
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 10 Nov 2026, 07:58 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 89 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.