Дар Душанбе литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид Дар пойтахти кишвар муассисаи нави таълимии Вазорати корҳои дохилӣ бо номи «Дурахшандагон» ба фаъолият оғоз кард. Дар маросими ифтитоҳи он 10 ноябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ иштирок намуданд. Тавре хадамоти матбуоти Президенти кишвар хабар медиҳад, иншооти нави таълимӣ дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бунёд шудааст. Литсей аз 28 синфхона, маҷлисгоҳ бо ғунҷоиши 160 нафар, китобхона ва ошхона барои 170 кас иборат мебошад. Ҳамчунин, дар он хобгоҳ, утоқи махсуси шоҳмот ва ду толори варзишӣ барои баргузории мусобиқаҳои волейбол, футболи хурд ва машқҳои муҳорибаҳои тан ба тан мавҷуд аст. Муассиса барои қабули 640 хонанда пешбинӣ шуда, дар он шароити мусоид барои омӯзиши фанҳои дақиқ, забонҳо ва зеҳни сунъӣ фароҳам оварда шудааст. Ба иттилои манбаъ, соли 2026 нахустин гурӯҳи наврасон ба синфи 8-и литсей қабул гардидаанд. Дар оянда довталабон метавонанд тавассути озмун ва супоридани имтиҳонҳои хаттӣ ба муассиса дохил шаванд. Хобгоҳи литсей аз 69 ҳуҷра иборат буда, имкони ҷойгир кардани 274 нафарро дорад. Дар ҳудуди муассиса инчунин майдончаи сафороӣ, лавҳаи ёдбуд ва нимпайкараҳои шахсиятҳои маъруфи илму адаби тоҷик гузошта шудаанд. Барои машғулиятҳои ҷисмонӣ ва баргузории мусобиқаҳои варзишӣ низ се майдончаи алоҳидаи футбол ва волейбол сохта шудааст. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
929
+2 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
20.1/day
last 11 hours ago
Reactions per 1K views
2.0
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 10 Nov 2026, 05:32 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 76 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.