Дар Душанбе шаш ноболиғ бо гумони содир намудани дуздӣ дастгир шуданд Кормандони милитсияи пойтахт шаш наврасро бо гумони даст доштан дар чанд ҳолати дуздӣ боздошт кардаанд. Онҳо ба манзилҳои истиқоматӣ ворид шуда, маблағ ва ашёи қиматноки сокинонро ба яғмо бурдаанд. Дар ин бора Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, боздоштшудагон Сиддиқов А., Ғоибов М., Мусулмонов М., Яқубов О., Салоев М. ва Нарзуллоев М. мебошанд. Ҳамаи онҳо сокинони шаҳри Душанбе буда, ба таври пинҳонӣ ба хонаҳои шаҳрвандон даромада, пул, маснуоти заргарӣ, телефонҳои мобилӣ ва ҳуҷҷатҳои шахсиро дуздидаанд. Яке аз ҳолатҳои ошкоршуда ба манзили истиқоматии шаҳрванд Дилшодов М. дар кӯчаи Зафар марбут аст. Гумонбарон аз дохили ҷевони либос маблағҳои пулӣ, ҷавоҳирот, телефони мобилӣ ва дигар ашёи арзишмандро гирифтаанд. Арзиши умумии амволи рабудашуда беш аз 163 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Мақомоти милитсия иттилоъ додааст, ки то ин замон даст доштани ноболиғони боздоштшуда дар се ҳолати дуздӣ муайян гардидааст. Аз рӯйи ҳодисаҳо тафтишоти пешакӣ идома дорад. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
929
+2 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
20.1/day
last 11 hours ago
Reactions per 1K views
2.0
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 10 Nov 2026, 05:22 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 75 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.