Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 929 Subscribers, last 30 days: 928 → 930 +2 24h
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 20.1/day last 12 hours ago
Reactions per 1K views 2.0 ❤ 👍 🔥

Дар 9 моҳи соли 2026 беш аз 1,7 миллион шаҳрванди хориҷӣ ба Тоҷикистон омадаанд 🌍 Дар моҳҳои январ–сентябри соли 2026 ба Тоҷикистон 1 миллиону 726 ҳазору 257 шаҳрванди хориҷӣ сафар кардаанд. Аз ин шумора 1 миллиону 551 ҳазору 200 нафарро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд. Дар ин бора Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон хабар додааст. 📊 Тибқи маълумоти кумита, аз шумораи умумии сайёҳони хориҷӣ 1 миллиону 396 ҳазору 960 нафар аз кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 154 ҳазору 240 нафар аз давлатҳои берун аз ин иттиҳод ба Тоҷикистон омадаанд. Табиати нотакрор, кӯҳҳои баланд, кӯлҳо, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллӣ аз омилҳои ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Солҳои охир барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва зиёд намудани шумораи меҳмонони хориҷӣ тадбирҳои гуногун амалӣ мешаванд. 🏔 Ҳамчунин, соли 2026 дар кишвар Барномаи рушди сайёҳии дохилӣ барои солҳои 2027–2031 қабул гардид. Мувофиқи маълумоти дар барнома овардашуда, дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, тақрибан 1000 дара, 1000 кӯл ва дигар мавзеъҳои ҷолиби диққат мавҷуданд. Барнома ба рушди сайёҳӣ дар минтақаҳо, беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволӣ ва сифати зиндагии аҳолӣ, ҳифзи мероси таърихӣ ва муаррифии манзараҳои табиии кишвар равона шудааст. 🎭 Ҳамзамон, тарғиби фарҳанги миллӣ, таҳкими ҳувияти фарҳангӣ ва фароҳам овардани шароит барои таъсиси мавзеъҳои нави сайёҳӣ аз ҳадафҳои дигари он мебошанд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

02550759 Nov 12:4113 Nov 11:16779 Nov 12:41: 0 views13 Nov 11:16: 77 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
9 Nov 2026, 12:410
13 Nov 2026, 11:1677

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.