Дар Душанбе дар се рӯз 128 ҳолати мусофиркашонии ғайриқонунӣ ошкор гардид 🚕 Дар шаҳри Душанбе тайи се рӯзи охир 128 ҳолати интиқоли ғайриқонунии мусофирон ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, ин қонуншиканиҳо зимни санҷиши муштараки кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ва Маркази «Шаҳри бехатар» ошкор шудаанд. Нисбат ба ронандагони қоидавайронкунанда тибқи моддаи 510-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, воситаҳои нақлиёти онҳо ба таваққуфгоҳи ҷаримавӣ интиқол ёфтаанд. Мақомоти милитсияи пойтахт аз ронандагон даъват кардаанд, ки ҳангоми мусофиркашонӣ талаботи қонунгузорӣ ва қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намоянд. Таъкид шудааст, ки риояи ин меъёрҳо барои таъмини бехатарии мусофирон ва пешгирии қонуншиканиҳо муҳим аст. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
929
+2 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
20.1/day
last 12 hours ago
Reactions per 1K views
2.0
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 9 Nov 2026, 12:11 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 78 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.