Дар Тоҷикистон рӯзҳои 10 ва 11 ноябр борону барф ва сардшавии ҳаво дар назар аст Рӯзҳои 10 ва 11 ноябр дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои номусоид пешбинӣ мешавад. Интизор меравад, ки боришот ба амал омада, ҳарорати ҳаво паст гардад ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ба барф табдил ёбад. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, ҳарорати ҳаво дар водиҳо ва доманакӯҳҳо то +7…+12 дараҷа паст мешавад. Ҳамчунин, вазиши шамол бо суръати 13–18 метр дар як сония пешбинӣ гардидааст. Дар минтақаҳои кӯҳии баландии зиёда аз 2000 метр эҳтимоли боридани барф вуҷуд дорад. Рӯзи 10 ноябр, дар нимаи дуюми рӯз, дар аксари ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд боришоти шадид дар назар аст. То шом дар минтақаҳои кӯҳии баландии зиёда аз 2000 метр борон ба барф табдил меёбад. Шаби 11 ноябр низ дар баъзе ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд боришоти шадид эҳтимол дорад. Ҳамзамон, аз 9 то 13 ноябр дар натиҷаи боришот дар минтақаҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии вилояти Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва қисмати ғарбии ВМКБ хавфи фаромадани сел боқӣ мемонад. Илова бар ин, баланд шудани сатҳи оби дарёҳои Обихингоб, Вахш, Ёхсу, Қизилсуи Ҷанубӣ ва рӯдхонаҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ҷорӣ мешаванд, пешбинӣ шудааст. Мақомот аз сокинон даъват мекунанд, ки ҳангоми тағйирёбии обу ҳаво эҳтиёткор бошанд ва қоидаҳои бехатариро риоя намоянд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
929
+2 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
20.1/day
last 11 hours ago
Reactions per 1K views
2.0
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 9 Nov 2026, 09:39 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 79 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.