Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 929 Subscribers, last 30 days: 928 → 930 +2 24h
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 20.1/day last 12 hours ago
Reactions per 1K views 2.0 ❤ 👍 🔥

Ҳафт хонандаи мактаб аз Хоруғ дар олимпиадаи байналмилалии арифметикаи зеҳнӣ ҷойҳои ифтихорӣ гирифтанд Ҳафт хонандаи муассисаҳои таълимии шаҳри Хоруғ дар олимпиадаи байналмилалӣ оид ба арифметикаи зеҳнӣ соҳиби унвон ва ҷойҳои ифтихорӣ шуданд. Озмун 7 ноябри соли 2026 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон бо иштироки намояндагони 10 кишвар баргузор гардид. Дар ин бора хадамоти матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар додааст. Иштирокдорон дар ду бахш рақобат карданд. Дар бахши FOC онҳо бояд мисолҳои математикиро тавассути экран дар муддати 0,3 ва 0,1 сония ҳал мекарданд. Дар бахши хаттӣ бошад, барои ҳалли 100 мисол ҳамагӣ се дақиқа вақт дода шуд. Намояндагони Хоруғ дар ҳар ду бахш маҳорати ҳисоббарорӣ, суръати фикрронӣ ва дақиқии худро нишон дода, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Аз рӯйи натиҷаҳои олимпиада се хонанда унвони «Суперчемпион», се нафари дигар унвони «Чемпион»-ро соҳиб шуданд. Як хонандаи дигар бошад, ҷойи аввалро гирифт. Натиҷаҳои мактаббачагони Хоруғ: - Саидназаров Алинур — суперчемпион; - Бобов Ҳусейн — суперчемпион; - Ҷонбекова Самима — суперчемпион; - Ҷонбекова Салима — чемпион; - Ванҷова Анила — чемпион; - Бахтибекова Сумая — чемпион; - Мирасанова Аида — ҷойи аввал. Ба иттилои мақомоти ВМКБ, ин дастоварди хонандагон ба рӯзҳои сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон рост омадааст. Мақомоти вилоят муваффақияти хонандагонро мояи ифтихори сокинони Хоруғ ва тамоми Тоҷикистон арзёбӣ кардаанд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

02550759 Nov 07:0513 Nov 11:16799 Nov 07:05: 0 views13 Nov 11:16: 79 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
9 Nov 2026, 07:050
13 Nov 2026, 11:1679

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.