Somon Air ва United Airlines метавонанд парвозҳои мустақимро миёни Тоҷикистон ва ИМА роҳандозӣ кунанд Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико имкони ба роҳ мондани парвозҳои мустақими ҳавоиро миёни ду кишвар баррасӣ карданд. Дар назар аст ин парвозҳоро ширкатҳои ҳавопаймоии Somon Air ва United Airlines анҷом диҳанд. Тавре Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон хабар медиҳад, ин масъала зимни мулоқоти директори агентӣ Ҳабибулло Назарзода бо намояндагони Сафорати ИМА дар Душанбе таҳти роҳбарии Карсон Релитс Рокер баррасӣ шудааст. Лоиҳаи созишномаи байниҳукуматии «Дар бораи алоқаи ҳавоӣ» аллакай таҳия гардида, ҳоло аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор дорад. Масъалаи роҳандозии хатсайрҳои мустақим миёни Тоҷикистон ва ИМА қаблан, моҳи ноябри соли 2025 низ баррасӣ шуда буд. Он замон намояндагони ниҳодҳои авиатсионии ду кишвар дар шаҳри Вашингтон музокирот анҷом дода буданд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
929
+2 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
20.1/day
last 12 hours ago
Reactions per 1K views
2.0
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 9 Nov 2026, 06:29 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 69 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.