Эмомалӣ Раҳмон тоҷикистониёнро ба Рӯзи Конститутсия табрик гуфт Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 32-юмин солгарди қабули Конститутсияи кишвар ҳамватанонро табрик гуфт. Дар паёми табрикии президент таъкид шудааст, ки Конститутсияи Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, дар ташаккул ва таҳкими давлатдории миллӣ нақши муҳим дошта, заминаҳои ҳуқуқии истиқлол, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро муайян кардааст. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, қабули Конститутсия дар шароити идомаи ҷанги шаҳрвандӣ яке аз рӯйдодҳои таърихии мардуми тоҷик буда, барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ замина гузошт. Президент ҳамчунин нақши ин санади олиро дар рушди низоми сиёсиву ҳуқуқӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ муҳим арзёбӣ кардааст. Дар паём зарурати эҳтиром, риоя ва иҷрои меъёрҳои Конститутсия аз ҷониби ҳар як шаҳрванд таъкид шудааст. Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ кардааст, ки ин санад дар оянда низ барои таҳкими давлатдории миллӣ ва амалисозии ормонҳои мардуми Тоҷикистон хизмат хоҳад кард. Тоҷикистон ҳамасола 6 ноябр Рӯзи Конститутсияро таҷлил мекунад. Имсол аз қабули ин санади олии ҳуқуқӣ 32 сол пур шуд.
Your Tajikistan
Subscribers
929
+2 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
20.1/day
last 13 hours ago
Reactions per 1K views
2.0
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 6 Nov 2026, 02:58 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 100 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.