Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 929 Subscribers, last 30 days: 928 → 930 +2 24h
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 20.1/day last 13 hours ago
Reactions per 1K views 2.0 ❤ 👍 🔥

Дар Тоҷикистон 9 нафар бо гумони интиқоли беш аз ним тонна маводи мухаддир ба хориҷ боздошт шуданд Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти 9 нафар бо гумони ташкили гурӯҳи қочоқи маводи мухаддир хабар дод. Ба иттилои ин ниҳод, гумонбарон дар давоми як соли охир беш аз ним тонна маводи нашъадорро ба хориҷи кишвар интиқол додаанд. Тибқи гузориши ВКД, аз махфигоҳи гумонбарон дар ноҳияи Мастчоҳ 24 килограмм ҳашиш дарёфт ва мусодира шудааст. Гуфта мешавад, ки ин маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон ворид гардида, барои интиқол ба хориҷ омода шуда буд. Аммо мақомот кишвари таъинотро мушаххас накардаанд. Дар миёни боздоштшудагон сокинони ноҳияи Мастчоҳ — Муззафар Аъзамови 44-сола, Фарҳод Норҷигитови 40-сола, Абдушукур Ҷӯрабоеви 44-сола ва Билол Туронови 41-сола мебошанд. Ҳамчунин, Сафаралӣ Нурови 38-сола, Ҷамшед Узақови 47-сола ва Фаридун Толибови 31-сола, сокинони Душанбе, инчунин Фарҳод Азизови 36-сола ва Хушбахт Солеҳзодаи 22-сола, сокинони ноҳияи Варзоб, дастгир шудаанд. Дар навори нашркардаи ВКД яке аз гумонбарон изҳор мекунад, ки барои интиқоли ҳар як ҷувздони маводи мухаддир аз тариқи сарҳад ба онҳо 2 ҳазору 500 доллар ваъда додаанд. Шароити сабти ин изҳорот маълум нест. ВКД Муззафар Аъзамовро ташкилкунандаи эҳтимолии гурӯҳ муаррифӣ кардааст. Ӯ дар навор мегӯяд, ки соли 2025, баъди озод шудан аз маҳбас, гурӯҳро таъсис дода, чанд нафари дигарро барои интиқол ва фурӯши маводи мухаддир ҷалб кардааст. Ба гуфтаи Аъзамов, аз соли 2025 то инҷониб гурӯҳ 20–25 маротиба ҳашишро интиқол дода, ҳаҷми умумии он тақрибан 550–600 килограммро ташкил кардааст. Дар гузориши ВКД низ кишвари интиқоли ин мавод зикр нашудааст. Ҳамчунин, маълум нест, ки изҳороти гумонбарон таҳти чӣ шароит сабт шудаанд. Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, нисбати боздоштшудагон бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, тибқи моддаи 200, қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, онҳо ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд. Ин банди қонун барои ҷинояти мазкур аз 12 то 20 соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад. Назари боздоштшудагон ва наздикони онҳо дар робита ба ин қазия дастрас нест. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

02550755 Nov 11:2513 Nov 11:16735 Nov 11:25: 0 views13 Nov 11:16: 73 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
5 Nov 2026, 11:250
13 Nov 2026, 11:1673

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.