17 шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Туркия рафтанд 17 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар соҳаҳои кафшергарӣ, барқ ва касбҳои техникӣ ихтисос доранд, барои фаъолият ба Туркия сафар карданд. Дар ин бора Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, барои ин ҷойҳои корӣ беш аз 60 нафар муроҷиат кардаанд. Пас аз интихоби довталабон 17 нафар пазируфта шуда, рӯзи 3 ноябр ба Туркия фиристода шуданд. Интихоб ва ба кор таъмин намудани мутахассисон дар доираи ҳамкории вазорат бо ширкати туркии «Law Ads Danışmanlık» сурат гирифтааст. Пеш аз сафар корфармоёни турк маҳорати касбии довталабонро санҷидаанд. Ҳамчунин, таъкид шудааст, ки тамоми хизматрасониҳо ба корҷӯён тавассути Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи вазорат ройгон анҷом дода шудаанд. Қаблан ин агенти хабар дода буд, ки маоши пешниҳодшаванда дар Туркия вобаста ба ихтисос ва вазифа аз 900 то 1200 долларро ташкил медиҳад. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
929
+2 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
20.1/day
last 13 hours ago
Reactions per 1K views
2.0
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 5 Nov 2026, 08:17 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 88 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.