Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 929 Subscribers, last 30 days: 928 → 929 −1 24h
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 20.1/day last 13 hours ago
Reactions per 1K views 2.0 ❤ 👍 🔥

Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Қазоқистон меравад Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 5–7 ноябр бо сафари расмӣ дар Қазоқистон қарор хоҳад дошт. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додааст. Ба иттилои вазорат, сафар бо даъвати Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев сурат мегирад. Интизор меравад, ки зимни мулоқоти сарони ду кишвар масъалаҳои густариши ҳамкориҳои байнидавлатӣ, таҳкими шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонӣ баррасӣ шаванд. Ҳамчунин, тибқи иттилои сухангӯи Президенти Қазоқистон, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 6 ноябр дар шаҳри Остона дар нишасти байналмилалии «Раванди Ақаба» иштирок мекунад. Дар доираи ин чорабинӣ мулоқоти муштараки Эмомалӣ Раҳмон, Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Подшоҳи Урдун Абдуллоҳи II дар назар аст. «Раванди Ақаба» ташаббусест, ки соли 2015 бо ибтикори Подшоҳи Урдун роҳандозӣ шудааст. Дар доираи он намояндагони давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ масъалаҳои амният, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои киберӣ ва фаромиллиро баррасӣ мекунанд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

02550751005 Nov 07:2613 Nov 11:16815 Nov 07:26: 0 views13 Nov 11:16: 81 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
5 Nov 2026, 07:260
13 Nov 2026, 11:1681

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.