Тоҷикистон ва Олмон ҳамкориҳоро дар бахши бонкӣ ва молиявӣ баррасӣ карданд 4 ноябри соли 2026 дар Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти муовини раиси ин ниҳод Зиёратшо Ғуломзода бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ намояндаи иқтисодии Олмон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Эдуард Кинсбруннер ва сафири ин кишвар дар Тоҷикистон Йорк Шуграф низ иштирок карданд. Ҷонибҳо вазъи иқтисоди Тоҷикистон, рушди низоми бонкӣ ва молиявӣ ва имкониятҳои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд. Зиёратшо Ғуломзода меҳмононро бо самтҳои асосии фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон шинос карда, дар бораи сиёсати пулию қарзӣ, такмили идоракунии корпоративӣ, рушди инфрасохтори пардохтӣ ва ҷорӣ намудани навовариҳо дар бахши молиявӣ маълумот дод. Ҳамчунин, масъалаҳои танзиму назорати фаъолияти суғуртавӣ, таҳкими назорати бонкӣ, рушди низоми пардохт ва васеъ намудани хизматрасониҳои рақамии молиявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таъкид шуд, ки ислоҳоти низоми бонкӣ ва молиявӣ метавонад ба таҳкими устувории иқтисодӣ, афзоиши эътимоди сармоягузорон ва густариши робитаҳои иқтисодии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мусоидат намояд. Намояндагони Олмон низ дар бораи самтҳои фаъолияти худ ва афзалиятҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ маълумот пешниҳод карданд. Дар ҷараёни суҳбат онҳо, аз ҷумла, ба масъалаи рақамикунонии соҳаи суғурта таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи гуфтугӯҳо, таҳкими робитаҳои касбӣ ва муайян кардани самтҳои мушаххаси ҳамкориҳои минбаъда баён карданд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
929
+2 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
20.1/day
last 13 hours ago
Reactions per 1K views
2.0
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 5 Nov 2026, 04:18 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 57 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.