Ба табибоне, ки аз хориҷ ба Ӯзбекистон бармегарданд, то 4 ҳазор доллар иловапулӣ медиҳанд Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон, эълон кардааст, ки барои ҷалби табибони муқими хориҷ ба ватан шароити махсус фароҳам оварда мешавад. Ӯ ин нуктаро рӯзи 27 октябр зимни мулоқот бо намояндагони соҳаи тандурустӣ баён карда, гуфтааст, ки ба мутахассисони баргашта на танҳо ҷойи кор ва маош, балки ҳар моҳ то 4 ҳазор доллар иловапулӣ низ дода мешавад. Тибқи иттилои дафтари матбуоти президенти Ӯзбекистон, табибон ҳамчунин метавонанд ҳайати гурӯҳи мутахассисони худро мустақилона интихоб кунанд. Мирзиёев барои кормандони тиббии дохили кишвар низ як қатор имтиёзу сабукиҳоро пешбинӣ кардааст. Ӯ таъкид намудааст, ки беҳтар кардани вазъи тандурустӣ аз масъулиятшиносии ҳар як корманди соҳа вобаста аст. Дар Ӯзбекистон солҳои охир, мисли дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, муҳоҷирати мутахассисони соҳибихтисос ба хориҷ аз масъалаҳои нигаронкунанда ба ҳисоб меравад. Дар ҷустуҷӯи даромади бештар ва шароити беҳтари зиндагӣ табибон, омӯзгорон, муҳандисон, олимон ва барномасозон ба Русия, кишварҳои Аврупо, ИМА, Канада ва Амороти Муттаҳидаи Араб мераванд. Шавкат Мирзиёев пас аз ба мақоми президентӣ расидан борҳо мутахассисони ӯзбекро, ки дар хориҷ кору зиндагӣ мекунанд, ба бозгашт ва идомаи фаъолият дар ватани худ даъват кардааст. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
929
−1 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
20.1/day
last 14 hours ago
Reactions per 1K views
2.0
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 4 Nov 2026, 12:42 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 81 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.