Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 929 Subscribers, last 30 days: 928 → 929 −1 24h
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 20.1/day last 14 hours ago
Reactions per 1K views 2.0 ❤ 👍 🔥

Полша барои 80 дӯзанда ва кафшергарон аз Тоҷикистон ҷойи кор пешниҳод мекунад Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон 3 ноябр аз қабули шаҳрвандон барои кор дар Полша хабар дод. Корфармоёни ин кишвар ба кафшергарон ва дӯзандагон ниёз доранд. Барои кафшергарон синни аз 23 то 45-сола, доштани диплом ё сертификат оид ба технологияҳои MIG, MAG ё TIG, донистани забони русӣ ё англисӣ, инчунин таҷрибаи корӣ талаб карда мешавад. Музди меҳнат аз 8,91 доллар барои як соат оғоз мешавад. Шумораи ҷойҳои кории холӣ ҳанӯз эълон нашудааст. Барои дӯзандагон то 80 ҷойи корӣ пешбинӣ шудааст. Довталабон бояд аз 25 то 45-сола буда, забони русӣ ё англисиро донанд ва на камтар аз се сол таҷрибаи корӣ дошта бошанд. Музди меҳнат аз 9 доллар барои як соат оғоз шуда, тибқи иттилои Хадамоти муҳоҷират, даромади моҳона метавонад тақрибан ба 2500 доллар расад. Шаҳрвандон метавонанд барои гирифтани маълумоти бештар ва шартҳои пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба Маркази машваратии Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ, 121 муроҷиат кунанд. Телефони тамос: 225-05-75. Марказ аз душанбе то ҷумъа, аз соати 08:00 то 17:00 фаъолият мекунад. Хадамот аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки маълумотро танҳо аз манбаъҳои расмӣ санҷанд ва то тасдиқи шартҳои кор маблағро ба миёнаравон насупоранд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

02550751004 Nov 05:5213 Nov 11:16824 Nov 05:52: 0 views13 Nov 11:16: 82 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
4 Nov 2026, 05:520
13 Nov 2026, 11:1682

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.