Кореяи Ҷанубӣ барои нақлиёти ҳушманди Душанбе 1,9 млн доллар ҷудо мекунад Ҳайати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе рӯзҳои 2–6 ноябр бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Корея қарор дорад. Дар доираи ин сафар рӯзҳои 2 ва 3 ноябр намояндагони пойтахт бо ёвари вазири замин, инфрасохтор ва нақлиёти Кореяи Ҷанубӣ Ким Сеок-Ҷӣ ва дигар шахсони расмӣ мулоқот карданд. Дар натиҷаи музокирот протокол оид ба оғози татбиқи амалии лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҳушманд дар шаҳри Душанбе, Тоҷикистон» ба имзо расид. Санади мазкур барои ҷалби маблағҳои грантии Кореяи Ҷанубӣ ба маблағи то 1,9 миллион доллари ИМА замина фароҳам меорад. Ҳамчунин, ҳайати Душанбе аз як қатор муассисаҳои соҳавии Корея, аз ҷумла Пажуҳишгоҳи илмию таҳқиқотии ҳаракати нақлиёт, Маркази иттилооти нақлиётии вилояти Кёнгидо ва гурӯҳи KD Transportation Group боздид намуд. Зимни вохӯриҳо масъалаҳои истифодаи низомҳои ҳушманд барои назорату идоракунии ҳаракати нақлиёт, таҳлили маълумоти нақлиётӣ, беҳтар кардани фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ ва татбиқи технологияҳои муосир баррасӣ шуданд. Интизор меравад, ки татбиқи лоиҳа ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани малакаи касбии кормандони соҳаи нақлиёт, тақвияти имконоти ниҳодҳои масъул ва ҷорӣ намудани таҷрибаи пешрафтаи Корея дар идоракунии нақлиёти шаҳрӣ мусоидат кунад. Ҳамчунин, ин иқдом ба густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ равона шудааст. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
929
−1 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
20.1/day
last 14 hours ago
Reactions per 1K views
2.0
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 3 Nov 2026, 13:08 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 103 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.