Дар Суғд корхонаи истеҳсоли нӯшобаҳои алоэ-вера ва тарабхонаи «Форел Платинум» ба истифода дода шуданд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи сеюми сафари корӣ ба вилояти Суғд корхонаи истеҳсоли нӯшобаҳои ширкати «Райан» ва тарабхонаи «Форел Платинум»-ро ифтитоҳ кард. Корхонаи «Райан» дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ҷойгир буда, бо ташаббуси соҳибкорон Саидамон ва Ҷаҳонгирхон Исомиддинзодаҳо бунёд шудааст. Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз 65 тоннаро ташкил дода, 60 нафар бо ҷойи кор таъмин шудаанд. Ба иттилои манбаъ, фаъолияти корхона имкон медиҳад, ки истеҳсоли нӯшобаи алоэ-вера дар дохили кишвар ба роҳ монда шуда, вобастагӣ аз воридоти ин навъи маҳсулот коҳиш ёбад. Ҳамчунин, дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум» ба фаъолият оғоз кард. Он дар соҳили Сирдарё бо ташаббуси ширкати «Гулмоҳии Хуҷанд» ва соҳибкор Муҳсин Шодиев сохта шудааст. Дар тарабхона 80 нафар соҳиби ҷойи кор шудаанд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
929
−1 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
20.1/day
last 15 hours ago
Reactions per 1K views
2.0
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 3 Nov 2026, 10:46 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 76 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.