Дар Ҷайҳун нерӯгоҳи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт бунёд мешавад Дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон дар масоҳати 748 гектар нерӯгоҳи бузурги офтобӣ сохта мешавад. Лоиҳа аз ду марҳила иборат буда, иқтидори умумии он 250 мегаваттро ташкил медиҳад. Тибқи иттилои дафтари матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дар марҳилаи аввали сохтмон беш аз 95 фоизи корҳои бетонӣ дар ҳудуди зеристгоҳ анҷом ёфтаанд. Ин тарҳ ба афзоиши иқтидори истеҳсоли нерӯи барқ ва истифодаи бештари манбаъҳои барқароршавандаи энергия равона шудааст. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads