Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 929 Subscribers, last 30 days: 928 → 929 −1 24h
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 20.1/day last 16 hours ago
Reactions per 1K views 2.0 ❤ 👍 🔥

Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба артиш дар Тоҷикистон беш аз 97 фоиз иҷро шуд Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар додааст, ки дар давоми як моҳи маъракаи даъвати тирамоҳӣ нақшаи ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ беш аз 97 фоиз иҷро шудааст. Маъракаи мазкур 1 октябр оғоз гардида, то охири моҳи ноябр идома меёбад. То имрӯз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳиро пеш аз муҳлат пурра иҷро кардаанд. Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ 99,6 фоизи нақшаро таъмин намудаанд. Дар вилояти Суғд иҷрои нақша дар як моҳ ба наздики 92 фоиз расидааст. Ба иттилои Вазорати мудофиа, шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Конибодом, Панҷакент ва Истиқлол, инчунин ноҳияҳои Айнӣ, Ашт, Зафаробод ва Кӯҳистони Мастчоҳ аз иҷрои пурраи нақша гузориш додаанд. Қаблан Вазорати мудофиа хабар дода буд, ки дар 10 рӯзи аввали маърака 84 фоизи нақшаи даъвати тирамоҳӣ иҷро шудааст. Дар мавсими имсола шаҳрвандони аз 18 то 27-сола, яъне ҷавонони солҳои таваллуди 1999–2008, ба хизмати ҳарбӣ даъват мешаванд. .📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

02550751003 Nov 03:5213 Nov 11:16873 Nov 03:52: 0 views13 Nov 11:16: 87 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
3 Nov 2026, 03:520
13 Nov 2026, 11:1687

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.