Дар Истаравшан маҷмааи 18-ошёнаи «Роҳи Абрешим» ба фаъолият оғоз кард Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 2 ноябр зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд дар хиёбони Сомонии шаҳри Истаравшан маҷмааи соҳибкории миллӣ бо номи «Роҳи Абрешим»-ро ифтитоҳ намуд. Маҷмаа бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Мазбут Бойҷонов бунёд шудааст. Дар ҷараёни сохтмон беш аз 500 сокини шаҳр бо кори муваққатӣ таъмин гардида, пас аз ба истифода додани иншоот барои беш аз 250 нафар ҷойи кори доимӣ фароҳам мешавад. Дар бинои 18-ошёна маркази савдои «Ширин», ки барои 120 нафар ҷойи кор дорад, мағозаҳои брендӣ ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ, қаҳвахона, тарабхона, меҳмонхона, маркази солимгардонӣ, ҳавзи шиноварӣ, толори варзишӣ ва манзилҳои истиқоматӣ ҷойгир шудаанд. Дар ҳудуди маҷмаа ҳамчунин фаввораҳо, минтақаҳои истироҳат ва майдончаҳои бозии кӯдакон бунёд гардидаанд. Ба муносибати ифтитоҳи он намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти устоҳои Истаравшан ташкил карда шуд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
929
−1 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
20.1/day
last 16 hours ago
Reactions per 1K views
2.0
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 2 Nov 2026, 11:25 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 85 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.