Аз 2 ноябр ҳаракати нақлиёт дар кӯчаи А. Қаҳҳорови Душанбе шабона маҳдуд мешавад Аз 2 ноябр роҳи мошингарди кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови шаҳри Душанбе ҳар шаб аз соати 22:00 то 05:00 барои ҳаракати тамоми намуди нақлиёт баста мешавад. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар додааст. Сабаби маҳдудият анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва бозсозӣ дар ин қитъаи роҳ мебошад. Мақомот аз ронандагон даъват кардааст, ки талаботи аломатҳои роҳро риоя намуда, дар соатҳои муайяншуда аз роҳҳои ҳамшафат истифода баранд. Муҳлати анҷоми маҳдудият ҳанӯз эълон нашудааст. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads