Моҳпайкар Ёрова ва Нуралӣ Шерматзода бо ордени давлатии Қазоқистон қадрдонӣ шуданд Ду ҳунарманди тоҷик Моҳпайкар Ёрова ва Нуралӣ Шерматзода барои саҳми арзанда дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва густариши ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Қазоқистон бо ордени «Дӯстӣ» дараҷаи II сарфароз гардиданд. Тавре аз Сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон хабар доданд, маросими супоридани мукофот 30 октябр дар шаҳри Остона баргузор шуд. Ноиби Президенти Қазоқистон Ерлан Карин орденро ба найнавоз ва оҳангсоз Нуралӣ Шерматзода ва ҳунарпешаи театр ва синамо Моҳпайкар Ёрова тақдим кард. Ҳунармандон барои саҳми назаррас дар таҳкими шарикии стратегӣ, муносибатҳои дӯстона, рушди ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитарӣ ва густариши робитаҳои неки ҳамсоягӣ миёни ду кишвар қадрдонӣ шуданд. Ордени «Дӯстӣ» яке аз мукофотҳои давлатии Қазоқистон буда, барои хизматҳои арзанда дар таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ ва ҳамкории байни халқҳо тақдим мегардад. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
929
−1 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
20.0/day
last 16 hours ago
Reactions per 1K views
2.0
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 2 Nov 2026, 04:54 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 86 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.