Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 929 Subscribers, last 30 days: 928 → 929 −1 24h
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 20.0/day last 16 hours ago
Reactions per 1K views 2.0 ❤ 👍 🔥

Дар вилояти Суғд 84 иншооти нав бо 2,4 ҳазор ҷойи корӣ ба истифода дода мешавад Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон ба вилояти Суғд ба нақша гирифта шудааст, ки 84 иншооти нав бо таъсиси 2,4 ҳазор ҷойи корӣ мавриди истифода қарор гиранд. Тавре дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, танҳо рӯзи 1-уми ноябр дар шаҳрҳои Бӯстон, Хуҷанд, Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 18 иншоот ифтитоҳ ёфт. Ба иттилои манбаъ, дар миёни иншооти ба истифода додашуда ҳафт корхонаи саноатӣ, чор кӯдакистон барои 760 тарбиятгиранда, ду муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1 540 хонанда, як коллеҷи тиббӣ барои 750 донишҷӯ ва панҷ муассисаи хизматрасонӣ мавҷуданд. Дар маҷмӯъ, дар иншооти ифтитоҳшудаи ин шаҳру ноҳияҳо 850 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

02550751002 Nov 04:2213 Nov 11:16822 Nov 04:22: 0 views13 Nov 11:16: 82 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
2 Nov 2026, 04:220
13 Nov 2026, 11:1682

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.