Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 929 Subscribers, last 30 days: 928 → 929 −1 24h
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 20.0/day last 16 hours ago
Reactions per 1K views 2.0 ❤ 👍 🔥
edited

Ҳисоботи оморӣ дар Тоҷикистон электронӣ мешавад Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон рӯзи 21-уми октябр тарҳи нави Қонун «Дар бораи омори расмӣ»-ро қабул кард. Санади нав ҷойгузини қонуни соли 2010 мегардад. Дар ин бора рӯзномаи парлумонии «Садои мардум» хабар додааст. Яке аз навгониҳои асосии қонун манъи дахолати ғайриқонунии мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор ба фаъолияти касбии мақомоти омор мебошад. Ҳадаф аз ин тағйирот таъмини мустақилият, воқеънигорӣ ва эътимоднокии маълумоти оморӣ аст. Тибқи қонуни нав, ҳисоботи оморӣ минбаъд метавонад ба таври электронӣ пешниҳод шавад. Ҳамчунин, истифодаи имзои электронӣ ва табодули маълумот миёни вазорату идораҳо пешбинӣ шудааст. Агентии омор имкон пайдо мекунад, ки маълумоти заруриро мустақиман аз пойгоҳҳои иттилоотии вазорату идораҳо дастрас намояд. Ин иқдом барои пешгирӣ аз талаб кардани маълумоти такрорӣ аз корхонаҳо ва коҳиш додани сарбории маъмурӣ ба соҳибкорон равона шудааст. Қонун таъсиси низоми ягонаи миллии омори расмиро низ пешбинӣ мекунад. Ба он Агентии омор, вазорату идораҳо, Бонки миллӣ ва дигар мақомоти ваколатдор шомил мешаванд. Ҳамоҳангсозии фаъолияти ин ниҳодҳо ва таҳияи усулҳои умумии ҷамъоварии маълумот ба зиммаи Агентии омор гузошта мешавад. Санади нав аз шаш боб ва 29 модда иборат аст. Акнун он барои баррасӣ ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод мегардад. Пас аз тасдиқ ва имзои Президенти Тоҷикистон қонун баъди интишори расмӣ мавриди амал қарор мегирад. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

05010030 Oct 11:5913 Nov 11:169830 Oct 11:59: 0 views13 Nov 11:16: 98 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
30 Oct 2026, 11:590
13 Nov 2026, 11:1698

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.