Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 929 Subscribers, last 30 days: 928 → 929 −1 24h
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 20.0/day last 17 hours ago
Reactions per 1K views 2.0 ❤ 👍 🔥

Дар Маскав шоми ёдбуди Лоиқ Шералӣ баргузор шуд Дар шаҳри Маскав 28-уми октябри соли 2026 ба муносибати 85-солагии зодрӯзи Лоиқ Шералӣ, Шоири халқии Тоҷикистон, нишасти илмӣ баргузор гардид. Дар ин бора Сафорати Тоҷикистон дар Русия тавассути саҳифаи фейсбукиаш хабар додааст. Чорабинӣ бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Русия ва ҳамкории Донишгоҳи давлатии забоншиносии Маскав доир шуда, дар он олимону донишмандон, нависандагон, намояндагони Шӯрои ҷамъиятии назди сафорат ва донишҷӯён иштирок карданд. Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, сафири Тоҷикистон дар Русия, зимни суханронӣ аз саҳми арзандаи Лоиқ Шералӣ дар рушди адабиёт ва фарҳанги муосири тоҷик ёдовар шуда, таъкид кардааст, ки шоир рисолати худро дар офаридани шеъри асил ва эҳёи асолати назми миллӣ медонист ва дар иҷрои он ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид. Ҳамчунин, ректори Донишгоҳи давлатии забоншиносии Маскав Ирина Краева баромад карда, саҳми Лоиқ Шералиро дар назми ҷаҳон муҳим арзёбӣ намудааст. Ӯ зарурати омӯзиши адабиёт, забон ва фарҳанги кишварҳои бародарро барои таҳкими ваҳдат дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъкид кардааст. Ба муносибати 85-солагии Лоиқ Шералӣ дар Тоҷикистон низ як қатор чорабиниҳои илмию фарҳангӣ баргузор шудаанд. Лоиқ Шералӣ 20-уми майи соли 1941 ба дунё омадааст. Ӯ пас аз хатми мактаби миёна ба факултаи забон ва адабиёт дохил шуда, соли 1963 таҳсилро ба анҷом расонд. Фаъолияти меҳнатиашро аз вазифаи муҳаррири бахши адабии Радиои Тоҷикистон оғоз карда, баъдан дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», маҷаллаи «Садои Шарқ», Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои фарҳангӣ кор кардааст. Аз соли 1991 то охири умр роҳбарии Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикиро ба уҳда дошт. Лоиқ Шералӣ яке аз чеҳраҳои барҷастаи шеъри муосири тоҷик маҳсуб мешавад. Аз ҷумлаи маҷмӯаҳои маъруфи ӯ «Хоки Ватан», «Марди роҳ», «Хонаи дил», «Ману дарё» ва «Фарёди бефарёдрас» мебошанд. Дар ашъори шоир мавзӯъҳои Ватан, модар, ишқ, инсон, сулҳу ваҳдат ва ахлоқи ҷомеа ҷойгоҳи хос доранд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

025507510030 Oct 10:2613 Nov 11:168630 Oct 10:26: 0 views13 Nov 11:16: 86 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
30 Oct 2026, 10:260
13 Nov 2026, 11:1686

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.