Академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ аз он гуна чеҳраҳои нодирест, ки ном ва осораш бо фарҳанг ва таърихи муосири тоҷик пайванди ногусастанӣ дорад. Имсол ин донишманди тавоно, забоншинос ва муҳофизи арзишҳои миллӣ агар зинда мебуд, 100 ё ба гуфтаи худаш 101-солагии худро пешвоз мегирифт. Дар ин чеҳракушоӣ мо талош мекунем, ки чеҳраи воқеӣ, ҷонфидоиҳо ва мероси гаронбаҳои ин устоди бузургро аз забони пайравонаш бозгуӣ кунем ва нафаси гарми ӯро дубора дар хотири таърих зинда созем. https://your.tj/tj/history/muhammadjoni-shakurii-buhoroi-donishmande-ki-umre-baroi-zabon-va-hudogohii-milli-kushid