Дар Душанбе Маркази аутизм барои қабули 400 бемор ифтитоҳ ёфт 30-юми октябр дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бинои нави Маркази аутизм ба истифода дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи он Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ иштирок карданд. 🧩 Марказ барои ташхис, табобат, барқарорсозӣ ва омӯзиши кӯдакони гирифтори аутизм, синдроми Даун, фалаҷи мағзи сар, таъхири инкишофи нутқию равонӣ ва дигар хусусиятҳои инкишоф пешбинӣ шудааст. Дар муассиса ҳамзамон то 400 нафар метавонанд хизматрасонӣ гиранд. 🏫 Маҷмаа аз шуъбаҳои барқарорсозӣ, таълимӣ ва меҳмонхона иборат буда, дорои 10 синфхонаи таълимӣ, ду ҳавзи шиноварӣ ва меҳмонхонаи 18-ҳуҷрагӣ барои волидон мебошад. Дар марказ ҳафт самти махсуси фаъолият пешбинӣ шуда, бо таъсиси он 200 ҷойи нави корӣ фароҳам меояд. 💻 Дар ин муассиса ҳамчунин низоми электронии «Е-тиб» муаррифӣ гардид. Он имкони истифодаи кортҳои тиббӣ ва дорухатҳои электронӣ, қабули фосилавии навбат ба табиб ва гирифтани навбати электрониро фароҳам меорад. 🚁 Ҳамзамон, дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ сохтмони Маркази трансплантология оғоз ёфт. Ин маҷмааи тиббии 15-ошёна барои ташхис, гузаронидани амалиёти мураккаб, пайвандсозии узв ва бофтаҳо, инчунин барқарорсозии беморон пешбинӣ шудааст. 🩺 Дар бино 377 ҳуҷраи хизматрасонӣ, аз ҷумла толорҳои ҷарроҳӣ, озмоишгоҳҳо ва шуъбаҳои эҳёгариву нигоҳубини шадид сохта мешаванд. Дар болои бино майдончаи нишасту парвози чархбол низ бунёд мегардад. 📅 Тибқи нақша, сохтмони Маркази трансплантология дар давоми ду сол ба анҷом мерасад. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
929
−1 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
20.0/day
last 17 hours ago
Reactions per 1K views
2.0
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 30 Oct 2026, 06:28 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 72 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.