Буҷаи давлатии Тоҷикистон дар соли 2027 ба 80,1 миллиард сомонӣ расонида мешавад 29-уми октябр таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Ҳукумат баргузор гардид. Дар он лоиҳаи буҷаи давлатӣ барои соли 2027 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2028–2029 баррасӣ шуданд. 📊 Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, даромади буҷаи давлатӣ дар соли 2027 ба андозаи 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Ин рақам нисбат ба буҷаи тасдиқшудаи соли 2026-ум 15,1 миллиард сомонӣ ё 23,2 фоиз зиёд мебошад. 🏥 Барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли оянда 36,7 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ба 44,8 фоизи хароҷоти умумии буҷа баробар аст. 📈 Тибқи дурнамо, даромади буҷаи давлатӣ дар соли 2028 ба 90,2 миллиард сомонӣ ва соли 2029 ба 104,6 миллиард сомонӣ мерасад. 💻 Барои иҷрои нишондиҳандаҳои буҷа Эмомалӣ Раҳмон ба вазорату идораҳо дастур додааст, ки раванди рақамикунониро суръат бахшида, заминаи андозбандиро васеъ кунанд, қарзҳои андозиро коҳиш диҳанд, истеҳсолоти ватаниро зиёд ва воридоти маҳсулотро кам намоянд. 📑 Дар ҷаласа ҳамчунин барномаи қарзгирии беруна барои соли 2027 ва дурнамои ду соли минбаъда, барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2026–2030, барномаи амнияти авиатсияи гражданӣ ва барномаи омӯзиши криосфераву ҳифзи пиряхҳо барои солҳои 2026–2030 баррасӣ шуданд. Аз рӯйи ин масъалаҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Дар анҷоми ҷаласа Президент ба масъулон супориш дод, ки ҳосилғундориро сари вақт ва бе талафот анҷом дода, таъмини бозорҳоро бо маҳсулоти ниёзи аввал ва захираи кофии сӯзишворӣ барои зимистон таъмин намоянд. Ҳамчунин, ба густариши корҳои ободониву созандагӣ дар доираи омодагӣ ба таҷлили 40-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таъкид шудааст. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
929
−1 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
20.0/day
last 17 hours ago
Reactions per 1K views
2.0
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 30 Oct 2026, 03:56 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 79 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.