🏛 Пешниҳод шуд, ки дар Душанбе кӯча ва мактаберо ба номи Муҳаммадҷон Шакурӣ гузоранд Дар Душанбе пешниҳод шудааст, ки ба хотири гиромидошти хотираи академик, адабиётшинос ва забоншиноси маъруф Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ яке аз кӯчаҳои пойтахт ба номи ӯ гузошта шавад. Ин пешниҳодро 28-уми октябр академик Кароматулло Олимов зимни маҳфили илмӣ-адабӣ бахшида ба 100-солагии зодрӯзи Шакурӣ дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баён кардааст. Тавре Asia-Plus хабар медиҳад, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода аз ин ташаббус ҷонибдорӣ карда, пешниҳод намудааст, ки масъалаи ба номи Шакурӣ гузоштани яке аз мактабҳои пойтахт низ баррасӣ шавад. Айни ҳол дар Душанбе ягон иншоот ба номи ин донишманд нест. Муҳаммадҷон Шакурӣ 16-уми сентябри соли 2012 даргузашт. Шакурӣ яке аз намояндагони барҷастаи ҷунбиши маорифпарварии тоҷик буда, барои рушди худшиносии миллӣ талош мекард. Ӯ ҳамчунин аз ҷумлаи муаллифони нахустини Қонуни забони давлатӣ буд, ки соли 1989 қабул гардид. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
929
−1 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
19.9/day
last 17 hours ago
Reactions per 1K views
2.0
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 29 Oct 2026, 12:09 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 102 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.