Сарнозири шабакаҳои барқи Панҷакент барои беҷавоб гузоштани муроҷиати як шаҳрванд ҷарима шуд Суди шаҳри Панҷакент сарнозири шабакаҳои барқи шаҳрро барои риоя накардани тартиби баррасии муроҷиати шаҳрванд ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидааст. Тибқи иттилои суд, Х.Х. муроҷиати шаҳрванд Д.Н.-ро вобаста ба тамғагузории ҳисобкунаки барқӣ бе баррасӣ гузошта, бе сабабҳои узрнок ба ӯ посухи хаттӣ нафиристодааст. Ин амал хилофи талаботи Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» дониста шудааст. Дар робита ба ин ҳолат нисбати сарнозир бо моддаи 87-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парванда тартиб дода шуда, суд ӯро ҷарима кардааст. Маблағи дақиқи ҷарима ва санаи қабули қарор эълон нашудааст. Моддаи мазкур аз 2 ҳазору 340 то 3 ҳазору 120 сомонӣ ҷаримаро пешбинӣ мекунад. Назари сарнозири муҷозотшуда дар бораи қарори суд дастрас нест. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
929
−1 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
19.9/day
last 17 hours ago
Reactions per 1K views
2.0
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 29 Oct 2026, 12:04 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 87 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.