Дар Ҳисор ҷавони 18-сола бо гумони куштори ҳамдеҳааш боздошт шуд Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Давронҷон Умаров, сокини деҳаи Нурафшони шаҳри Ҳисор, бо гумони куштори ҳамдеҳааш Салоҳиддин Қурбонови 18-сола дастгир шудааст. Ба иттилои манбаъ, шоми 27-уми октябр миёни ин ду ҷавон муноқиша сар зада, Умаров ба қисми чапи қафаси синаи Қурбонов зарба задааст. Ҷабрдида ҷароҳати вазнин бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Сабаби муноқиша ва мавқеи боздоштшудаву наздикони тарафҳо дар ин бора маълум нест. Нисбати Умаров бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ, тибқи моддаи 104, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Ин модда аз 15 соли зиндон то ҳабси абадро пешбинӣ мекунад. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
929
−1 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
19.9/day
last 17 hours ago
Reactions per 1K views
2.0
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 29 Oct 2026, 09:18 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 85 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.