Шоҳрух Назаровро бо медали нуқраи Бозиҳои параосиёӣ дар Душанбе истиқбол гирифтанд Варзишгари тоҷик Шоҳрух Назаров, ки дар Бозиҳои панҷуми параосиёӣ дар Ҷопон соҳиби медали нуқра гардид, шаби гузашта ба Тоҷикистон баргашт. Ӯро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе намояндагони соҳаи варзиш, наздикону пайвандон ва мухлисонаш пешвоз гирифтанд. Лаҳзаҳои истиқболи гарми варзишгар дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ нашр шудаанд. Назаров рӯзи 20-уми октябр дар мусобиқаи парадзюдо дар вазни то 81 кг, дар синфи J1, ҳунарнамоӣ карда, то ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Аммо дар рақобати ҳалкунанда аз Шоҳрух Маммадови Ӯзбекистон мағлуб шуда, бо медали нуқра сарфароз гардид. Ин дастовард аввалин медали ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар таърихи иштироки кишвар дар Бозиҳои параосиёии тобистона мебошад. Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуда буд, ки дар он Назаров тариқи телефон бо наздиконаш суҳбат карда, бо ашки шодӣ ба онҳо аз роҳ ёфтанаш ба финал хабар медиҳад. Бозиҳои панҷуми параосиёӣ аз 18 то 24-уми октябр дар Ҷопон баргузор шуданд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 10 варзишгар нӯҳ мард ва як зан дар шаш намуди варзиш намояндагӣ карданд.. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
929
−1 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
19.9/day
last 17 hours ago
Reactions per 1K views
2.0
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 29 Oct 2026, 07:44 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 100 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.