Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 929 Subscribers, last 30 days: 928 → 929 −1 24h
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 19.9/day last 18 hours ago
Reactions per 1K views 2.0 ❤ 👍 🔥

Дар пайи кафидани ду ҳавзи об дар «Роғун» панҷ нафар осеб дидаанд Рӯзи 21-уми октябр дар сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» зарфи ҷамъоварии оби техникӣ кафида, об як қисми нақберо, ки дар он кормандони ширкати зерпудратии Sino Hydro кор мекарданд, фаро гирифтааст. Ба иттилои Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо, касе осеби ҷисмонӣ надидааст. Ҳодиса тақрибан соати 16:15 дар нақби сохтмонии қабати чорум, бахши «Б», ҳангоми анҷоми корҳои сементатсионӣ рух додааст. Пас аз кафидани зарфи болоӣ зарфи поёнӣ низ осеб дидааст ва оби ҳар ду зарф якбора ба қисмати поёнии нақб, ки коргарон дар он ҷо буданд, ҷорӣ шудааст. 🩺 Ба иттилои хадамот, ба кормандон ёрии аввалияи тиббӣ расонида шуда, онҳо баъдан ба кор баргаштаанд. Аммо Радиои «Озодӣ» бо истинод ба манбаъҳои худ хабар додааст, ки дар натиҷаи ин ҳодиса беш аз панҷ нафар осеб дидаанд. Барои муайян кардани сабабҳои ҳодиса ва пешгирӣ аз такрори чунин ҳолатҳо гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст. Мутахассисон ҳолати зарфҳо, устувории васлкуниҳо ва риояи талаботи бехатариро месанҷанд. Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар корхонаҳои саноатӣ ва истихроҷи маъдани Тоҷикистон 32 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷаи ин ҳодисаҳо 23 нафар ба ҳалокат расида, 19 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

025507510029 Oct 04:0113 Nov 11:168329 Oct 04:01: 0 views13 Nov 11:16: 83 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
29 Oct 2026, 04:010
13 Nov 2026, 11:1683

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.